Нашрияи Омӯзгор

Тақдирҷунбон

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Овозаи аз замини иҷора маҳрум гардидани «муаллими  китобнавис» дар деҳа паҳн гардид ва дар маъракаю раҳу рў, мактабу мағозаҳои  деҳа, дар радифи «ҳаллу фасли» дигар масъалаҳо, аз мушкили ба сари муаллим омада низ ҳарф мезаданду сар меҷунбонданд, ки «хуб нашудааст, наход, як муаллим ҳақ надошта бошад, ки соҳиби ақаллан ним гектар замин гардад.

-Ҳама заминҳои серҳосилу обиро дар вақташ сарватмандону тағодорҳо бо маблағҳои ҳангуфт соҳиб шуда, ҳуҷҷат карданд. Кам не-ғам не, аз 2,3 то 5-10 - гектариро ба даст оварданд. Фукашон дар равған,-мегуфт яке бепарвоёна, ки аслан ғаму ташвиши замину об ва гову молро надошт.

-Рост, гирифтагӣ гирифт, мондагӣ мисли маълим ду даст дар почаки бинӣ дар байни аъроф монд,-хулоса мекард бедарди дигар, ки худро гўё ғамшарики муаллим меҳисобид.

-Э, заб гап мезанед-е,-ба суҳбат ҳамроҳ мешуд марди солманде, ки кайҳо ба нафақа баромада, риш сабзонда, тоқии сафед бар сару ҷома ба бар ва дар даст тасбеҳ дошт. Вай, ки қабл аз ба нафақа баромадан дар кадом идорае кор мекард, ҳоло солору ботамкинона ба насиҳату андарзхонӣ машғул буд:

-Бечора муаллим, кай замин дошт, ки акнун заминдор шавад? Ба ўйи берўзӣ на замини наздиҳавлигӣ мерасад, на  замини иҷора.

-Раиси деҳа, хешу таборони вай, оқсақолу чанд мулло ба воситае заминҳоро соҳиб мешаванду муаллим сархаму хиҷолатзада, аз қавле, «қоқу воқ» мемонад. Ё ман дурўғ мегўям?

-Не, не, хақ асту рост,-андешаҳои марди солманди носеҳро тақвият медиҳад ҷавоне, ки фурўшгоҳи шахсӣ дорад. - Ман худам шоҳид, ки дар маъракаи тақсими замин ба ҳама пулдору соҳибвазифаҳо замин расиду ба муаллимон не. Ба онҳо медонед, чӣ гуфтанд? Зиқ нашавед, парво накунед, номатон дар рўйхат ҳаст. Навбати дигар ба шумо замин медиҳем. Муҳим он, ки номатон қонунӣ дар ҳуҷҷати замингирӣ сабт шудагӣ. Ана, ҳамин хел.

-Лекин «офтобро бо доман пўшида намешавад»,-бо оҳанги ҳакимона хитоб мекунад омўзгори физика, ки расо 12 сол боз  писараш дар навбати замин қарор дорад.

-Худо шоҳид, ки ин гапи ман овозаю ҳангома не, ҳақиқати мутлақ аст. Раиси деҳа, кадом корманди ҷамоат ду-сетаӣ замин гирифтаанд. Аллакай бўяш баромад, ки як заминро барои писаронашон нигоҳ доштаву боқимондаашро ба савдо задаанд. Хайр, акнун шумо бигўед: ҳамин амал аз рўйи адлу инсоф аст? Мусулмонию намозхонӣ ва амри маъруф барои чӣ?! Э, ба Худо дилам аз амалдор ҳам мондаасту аз мулло ҳам.

-Эҳа, нав фаҳмидӣ? Ё ту аз ягон сайёраи дигар ҳамин ҳоло рўйи замин фаромадӣ? - нигоҳи норозиёнаю саҳл тааҷҷубомез ба соҳиби сухан афканда мегўяд ҷавонмарди кулоҳ ба сар, ки чанд муддат пеш аз муҳоҷират, аз Русия баргаштааст.

-Як хел тоҷири навбаромад, бовар мекунед, бачаи динангӣ дар мулки ғарибӣ миёнаравиро ба худ касб карда, «аз боло шонаву аз поён фона» гуфтагӣ ворӣ бачаҳои қишлоқа ба таври худ ба кор таъмин мекунаду баъд… ана, сар мешавад. Фоизи ҳаққи худро бигирад, майлаш, ин як дарди бахайр, лекин аз маблағи кори анҷомдодаи ҳар як ҳамдеҳаи худ ҳар қадар нафсаш хурўҷ  кунад, бе пош-пош ба ҷайб задан мегирад. Ёбу гир!

-Бачаҳалок, имону мусулмонира фаромўшу ҷавонони содадилро хонасалот мекунад. Баъд, ҳамин ки ба деҳа баргашт, ба насиҳату амри маъруф сар мекунад: яъне, бузургтарин гуноҳ ин ҳаққи муъмини бечораро хўрдан аст,-мегўяд ва раиси деҳаву имому хатибу директори  мактаб рўз дар миён дар хонаи ин тоҷири миёнарави судхўр, гирди хони шоҳонаи пурнозу неъмат ҷамъ мешаванду парвона.

-Э садқат, гапа дигар тараф бурдӣ,- изҳори норизоӣ мекунад пиракие, ки ҳанўз бардаму бақувват менамояд.

-Расия дур аст, биё, ҳоло ҳамин масъалаи деҳаро, ки дар пеши чашмамон аст, бубинем,

-Хайр?-кунҷкобӣ мекунад касе аз ҳозирбудагон. - Ғайри масъалаю моҷарои замин дигар гап надорен шумо?

-Э, мардак аз ҳама масъалаи асосӣ ҳамин аст,-шўридаву ранҷишомез мегўяд пиракӣ ва меафзояд: -Хабар дорен ё надорен? Як қисм замини қабристона ба савдо задаанд? Як пулдори  беинсоф қариб 40 сотих замини бармолаи мазора соҳиб шудааст. Мову шумо бошем, дар ғайби «калонҳо» фиш-фишу миш-миш карда гаштаем.

-Хайр, ба фикри шумо, бобо, бояд чӣ кор кунем?-мепурсад марди миёнаумри харобандом, ки зоҳиран аз ин гуфтугузор хеле дилгир шудааст.

-Ба ягон ҷо арз барем?

-Набошад-чӣ? - нигоҳаш барқ-вор, қоматашро рост гирифта, ғолибона ба мард муроҷиат мекунад пиракӣ. -Магар дунё бесоҳиб аст? Меравем, ба боло арз мекунем, пеши роҳи ин хурўсчўҷаҳои белаҷоми баднафса мегирем. Баъд… як маслиҳати дигар.

-Ку, бишнавем, -садо баланд карданд чанд нафар,

-Э, айб нест дар шаъни мо? Ба Худо, айби айб аст. Наход, як муаллими баобрўи соҳибқалам солҳо боз барои як порча замини иҷора поёну боло давида, ҷонаш ба ҳалқаш ояду мо, сокинони як деҳаи калон, ба ў дасти мадад дароз карда натавонем? Э бача, дар дигар макону мавзеъ ин хел муаллими соҳибқаламу соҳибкитоба тори сар мекунанд. Мо бошем, шиштем ранги кампиро оҳу ҳасрат карда.

-Рост, рост,-рўҳ гирифт фурўшандаи ҷавон ва афзуд:

-Кампири Оламбибӣ агар зинда мебуд, ба ҷойи мо барин мардҳо кайҳо даводав карда, масъалаи замини муаллими китобнависа ҳал мекард. Худо раҳматаш кунад, дилсўзу ҳамдарди мардум буд. Э, дареғ…

-Рост, Худованд гуфтааст, ки «аз ту ҳаракат, аз ман баракат». Мана, панҷ сол боз амаки Саъдулло аризаву мактуб навишта, ба идораҳои ҳукуматӣ барои сохтани бемористони замонавӣ муроҷиат карда истодааст. Қарори ҳукумати ноҳия, архитектура, вазорати тандурустӣ ва лоиҳаи нақшаи беморхонаро гирифтааст. Ҷояшро муайян кунед, сохта медиҳем, гуфтаанд ба ў, бо оҳанги боварию эътимод, - гуфт омўзгори физика.

-Ҳаминаш намерасид, ки барои як муаллим шуда, ҷонамона дар азоб монем,-ғурунгос зад пирамарде, ки тасбеҳ дар даст дошт. -Ба худаш чӣ шудааст? Дар газито менависад, чанд китобаш баромад. Бо ин ҳол, ки аз чор тарафи дунё хабар дорад, вай ҳаққи худашро соҳибӣ карда натавонад, магар гуноҳи мост?

Э, монед-е.

-Ана, диден, шумо чӣ хел фикр мекунед,- кинояомезона гуфт ҷавони фурўшанда ва рўяшро дигар ҷониб гардонд.

-Магар муаллим ҳақталошӣ карда, барои ободии деҳа ва қаламрави ҷамоат ҷон накоҳондааст? Роҳҳои байни деҳаҳоро, аз қавле, «на шаб хоб рафтаю на рўз ором гирифта, кӣ мумфарш кард? Бинои бунгоҳи тиббию мактаби нава кӣ сохт? Чорасозу тадбирандеши ҳамаи мушкилии ҳамдеҳагон магар ҳамин муаллими китобнавис нест? Қадрношиносӣ хуб нест, амак.

-Э, заб фалсафа хондӣ-да,-бари ҷомаашро каме боло бардоштаву бо нўки ангушт таконда «ғуррид» тасбеҳбадаст.

-Вай одам барои туву ту баринҳо ҳақталошу китобнавис аст. Дар ҷамоат бошад…

-Чӣ «дар ҷамоат?»

-Ҳама  «аризабози гузаро» ном мебарандаш.

-Хайр, ба фикри шумо, касе барои адлу инсоф овоз баланд кунад, вай аризабоз будааст?

-Ман инаша намедонам. Лекин мардума ором гузоред. Муаллим худаш роҳашро ёбад.

-Аз ин ғавғою шўру мағали мо на ба  муаллим фоида мерасаду на ягон проблемаи деҳа ҳал мешавад, -аз дари фурўшгоҳ берун шуда гуфт  пиракие, ки аз муаллим ҷонибдорӣ мекард. –Рафта аз пайи ягон каму кости зиндагӣ шавем, беҳтар аст.

Ҷамъшудагон аз дари фурўшгоҳи маводи ғизоӣ берун шуда, як-як пароканда шуданд.

(Давом дорад)

Шодӣ Раҷабзод

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш