Нашри китоби Ҷ. Шарифов ва М. Самандаров «Угук – диёри маърифатгустарон» (Душанбе, 2020) воқеаи фараҳбахш аст. Муҳтавои китоб хонандаро бо таърих, мавқеи ҷойгиршавӣ ва табиати яке аз гўшаҳои зебоманзари кишварамон, деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд шинос менамояд.
Ин китоб дар илми кишваршиносӣ саҳифаи наве боз намуда, бо мазмуну сабки нигоришии худ аз дигар таълифоте, ки оид ба деҳаву маҳаллаҳо эҷод шудаанд, фарқ мекунад. Яке аз муаллифони китоб Ҷ. Шарифов шахси фарҳангию донишманд, собиқ корманди соҳаи табъу нашр (солиёни зиёд раиси нашриёти «Ирфон» буд) барои эҷоди ин асар заҳмат ва вақти зиёд сарф намудааст. Мо асарҳоеро медонем, ки ба унвони деҳаҳо номгузорӣ шудаанд.
Тарзу нигориши «Угук – диёри маърифатгустарон» хеле ҷолиб аст. Китоб аз сарсухан ва сездаҳ бахш иборат буда, дар бораи деҳаи Угук ва сокинони он, мазмун ва шарҳу тафсири вожаи «угук», машғулияти анъанавии сокинони деҳа, марказҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ, мазори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, аз таърихи хоҷагиҳои деҳа, таълимгоҳ – макони илму маърифат, дар бораи механизаторон, ронандагони нақлиёт, хидматгузорони мардуми деҳа, даҳмарда ва чўпонони русто, диаспораҳои угукӣ дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсиятҳои маъруфи деҳа ҳикоят мекунад. Дар қисми хотимавии китоб рўйхати ҷанговарони сокини деҳа, ки аз набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнагаштаанд, оварда шудааст.
Барои ҷолибтар шудани муҳтавои китоб аксҳо ва суратҳо низ мусоидат намудаанд. Дусаду сиву як акси сокинони деҳа, бисту шаш адад сурат-тасвирҳои рангаи манзараҳои мухталифу нотакрори дараҳои ҷолибу зебоманзари деҳа, панҷ адад акси мазори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ баъд аз тармим, оромгоҳи деҳа, ду акси сарсутун бо рамзи ориёиҳои бостонӣ, шаш адад акс - бунгоҳи тиббӣ, мактаби деҳа, гаражи нигоҳдории мошинҳои хоҷагӣ, Масҷиди Боло, дохили масҷид, ороиши сақфу деворҳои он ва чилу панҷ адад акс бо маълумотномаҳо оид ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси барўманди деҳаи Угук муҳтавои асарро афзудаанд.
То нашри ин китоб баъзе фарҳангиён нисбат ба «угук» ҳар хел ҳадсу тахминҳо мезаданд. Акнун маълум гардид, ки вожаи «угук» сирф вожаи суғдӣ буда, маънои «тангӣ», «дараи танги оброҳ (обгузар)»-ро ифода мекардааст.
Дар китоб роҷеъ ба таърихи дараҳои деҳа, аз кай дар ин ҷо сукунат ихтиёр кардани одамон маълумоти дақиқу боварибахш оварда шудааст. Оид ба машғулияти ҳаррўзаи мардум, ки бештар ба кишоварзиву чорводорӣ сарукор доранд, низ сухан меравад.
Муаллиф ҳар як номвожаи дараҳоро аз луғатномаҳо ҷустуҷў намуда, шакли саҳеҳашро ба ихтиёри хонандагон пешкаш гардондаанд.
Як паҳлуи ҷолиби китоб он аст, ки муаллифон оид ба тамоми доманакўҳҳои он, дараҳои деҳа, чашмаву ҷангалзорҳояш маълумот дода, сокинони русторо таъкид намудаанд, ки ба масъалаи ҳифзи муҳити зист эътибори ҷиддӣ диҳанд. Оби дарёчаи деҳа – Шаган (дар сарчашмаҳо номи дарёчаи деҳа ҳамин тавр сабт шудааст) –ро тоза нигоҳ дошта, ба он ҳар гуна партовҳоро наафкананд. Аз бераҳмона буридани арчаҳо худдорӣ карда, аз хотир фаромўш насозанд, ки ин дарахтони кўҳӣ манбаи асосии захираи оби дарёчаи Шаган ба ҳисоб мераванд.
Яке аз мавзеъҳои муқаддаси деҳа мазори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ аст. Муаллифон саъй намудаанд, ки оид ба таърихи мазор, сутунҳои дохили он, ривоятҳо доир ба шахсияти Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, ба деҳа омадан ва ё наомадани ў, бо эътимод ба сарчашмаҳои таърихӣ андешаву тахминҳои ҷолибро ба хонандагон пешниҳод созанд.
Яке аз бахшҳои ҷолиби асар «Диаспораҳои угукӣ дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ» мебошад. Хонанда аз ин бахши китоб бо номҳои аввалин муҳоҷирони угукӣ, ки ба шаҳри Тошканд ва ноҳияи Бўкаи вилояти Тошканд кўч бастаанд, он угукиҳое, ки дар аз худ намудани заминҳои тўқайзору қамишзори водии Вахш матонату фидокорӣ нишон додаанд, он угукиҳое, ки дар сабзу хуррам гардонидани Мирзочўли тоҷик – Зафаробод ҳиссаи бузург доранд, ҳикоёти ҷолибу хотирмон овардаанд. Он омўзгороне, ки имрўз дар Зафаробод тухми илму маърифат мекоранд, барҳақ, қаҳрамонони давронанд ва муаллифони асар нисбат ба онҳо суханҳои самимӣ гуфтаанд.
Хулоса, «Угук – диёри маърифатгустарон» китобе мебошад, ки минбаъд, барои бо чунин сабку услуб эҷод намудани асарҳои ба таърихи деҳаҳо мутааллиқ эҷодшаванда чун дастур хидмат расонда метавонад.
Нашри китобҳои ба рустову деҳаҳо иртиботдошта имконият муҳайё месозад, ки таърихи Ватани азизамон ва таърихи деҳоту маҳаллаҳои он муфассалтар рўйи чоп оварда шавад.
Ҳотами Ҳоҷӣ,
зодаи деҳаи Угук,
омўзгори собиқадор аз ноҳияи
Кўшониёни вилояти Хатлон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр