Нашрияи Омӯзгор

Дар сари  ҳар мисраъ дил хун кардааст

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Дар ҳама давру замон шахсиятҳои бузурги илму адаб масири зиндагии миллати худро равшан карда, мардумро ба сўйи хушбахтию саодат ҳидоят намудаанд. Оташеро, ки устод Айнӣ афрўхт, устод Турсунзода шуълавар кард. Ба қавли Расул Ғамзатов, «Мирзо идомадеҳи назми бисёрасраи халқи худ дар замону шароити дигар аст. Ў ин корро бо шоистагии шоиронаву ватандорона ба ҷо овард».

Вай аввалин адиб аз Осиёи Марказӣ буд, ки сазовори ҷоизаҳои ҳукуматӣ гашта буд. Турсунзода аввалин шахсе буд, ки дар қатори дигар шоиру нависандагони Шўравӣ унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» - ро дарёфт ва шуҳрати диёрашро афзуд. Турсунзода дар қатори Айнӣ, Лоҳутӣ, Б.Ғафуров вориси сазовори анъанаҳои пурғановати назми ҳазорсолаи адабиёти классикии тоҷику форс маҳсуб меёбад.

Ҳақ бар ҷониби адабиётшинос Камол Айнист, ки навишта буд: «Касе ба мисли Турсунзода ба шуҳрати миллаташ шуҳрат зам накардааст. Аввалан, ў чун рамзи миллат, ҳамчун мунодии сулҳ ба тамоми қитъаҳои олам сафарҳо анҷом додааст, баъдан дар ҳар куҷое, ки будааст, чун гўшту нохун ҳамеша бо Ватан будааст» . Ин буд, ки устод дар ҳама сафарҳояш бо Ватан ҳамнафас буд ва ёди Ватан ўро пайваста ҳамсафарӣ мекард.

Ба мисли гўшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,

Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Турсунзода мафҳуми шеърро бо мафҳуми Ватан тавъам месозад. Шеър барои шоир василаи расидан ба мақсадҳои нек буда, хонандаро бо Ватан пайванд месозад. Ин аст, ки шоир мефармояд:

Шеър ҳам хонандаро пайванд созад бо Ватан,

Дар дили хонанда орад рангу бўйи сад чаман.

Устод Турсунзода бо сурудани шеъри баланди иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба зиндагии мардум қарин шуд ва розу овози дили халқро бо тарзу услуби нав пешкаш намуд. Ў рози дили худро тавъам бо асрори қалби мардумӣ бо обу ранги нав сароид:

Сурудам - ҳофизи рози дили ман,

Аниси булбуловози дили ман.

Уқоби тезпарвози дили ман,

Адиби нуктапардози дили ман.

Ба обу ранги нав овоз сар кун,

Сар овози нав аз банди ҷигар кун.

 Ҳар мисраи устод бо заҳмати зиёд ва хуни дил хўрданҳо офарида шудааст. То ҷое, ки худи устод ишора мекунад:

То сухан чун қомати мавзун шавад,

Дар сари ҳар мисрае дил хун шавад.       

Ин мисраъҳои ба хуни дил навиштаи шоир на танҳо ба дили миллати тоҷик роҳ ёфт, балки халқу миллатҳои дигари сайёраро низ рўҳу тавони тоза илқо намуд, то ҷое, ки адиби маъруфи туркман Бердӣ Карбобоев ўро чунин васф мекунад: «Мирзо қаноти миллати тоҷик ва ҳам қаноти ман аст». Хусусан, вазъи зиндагии мардуми дар юғи империалистон басарбурда ҳамеша мадди назари устод қарор доштанд; устод ғами мардуми дар торикии ҷаҳлу ваҳм ва зулму истибдод зиндагидоштаи Шарқро ҳангоми сафарҳояш бо чашми сар медид ва аз ин ноҷурӣ ва нобасомонӣ ботинан ва зоҳиран ранҷ мебурд.

Шодам, аммо мехўрам гамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

Ў аз рўзҳои аввали ба арсаи адабиёт омаданаш дар намудҳои гуногуни адабӣ: назм, наср, драматургия қувваозмоӣ карда, дар анвои манзум соҳиби мақоми баланде гардидааст. Турсунзода шоир ва ходими ҷамъиятиест, ки ҳамчун паҳнкунандаи ғояҳои пешқадами халқу ватанамон дар тамоми олам шуҳрат пайдо кардааст.

Нашъунамои адабиёти солҳои 50 - 70 ба номи ин шоири нуктасанҷ вобаста аст. Шоири забардаст, нотиқи оташинсухан, ходими намоёни давлатӣ, муборизи матини сулҳу амният Турсунзода бо осори рангинаш дар байни хонандагони Шарқу Ғарб обрўю эътибори баландеро сазовор шудааст. Эҷодиёти ин шоири ширинкалом қариб сӣ соли умри ўро дар бар мегирад. Дар эҷодиёти ў мавзўи сулҳу амният, ватан ва муборизаи озодихоҳонаи халқҳо мавқеи калон дорад. Дўстию бародарӣ ва баробарҳуқуқии халқҳо дар осори Турсунзода, вобаста ба шароити сиёсӣ-иҷтимоӣ ва таърихӣ тасвир ёфтааст. Шоир дўстии дар натиҷаи ҷангу муборизаҳои шадиди зидди душман ба даст овардашударо дар шеърҳои «Уқоб», «Қонуни бародарӣ», «Суруди сулҳ», «Арўс аз Москва» хеле моҳирона тасвир мекунад. Ў сулҳу дўстиро туҳфаи қиматбаҳо дониста таъкид кардааст, ки сулҳу субот ва дўстию рафоқат дар ободонии мамлакат, пешравии миллату халқият, амнияти мардумӣ саҳиманд. Ин аст, ки бо шеваи махсуси  ватандўстона хитоб мекунад:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рўзафзуни дил.

То яроқи тез гардида ба дасти душманон,

Ҷангҷўёнро кунад шармандаи рўйи ҷаҳон.

Ба ақидаи шоир насли солимақлу дурандеши инсон муваззаф аст, ки ҷаҳонро аз балоҳои азим, ки муҳимтаринаш ҷангу ҷангҷўист, ҳифз намояд. Ба ин маънӣ, устод мегўяд:

Ҷуз заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим,

Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.

Дўст ва ҳамсафи Турсунзода, шоири шаҳири Покистон Файз Аҳмади Файз дар бораи устод гуфта буд: «Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳамаи ҷо ўро дўст медоранд. Ў Ватани худро дўст медошт...»

Фирдавс Мирзоёров,

номзади илмҳои филология

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш