Нашрияи Омӯзгор

Барои сад ҷаҳонам зодаанд

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Рустами Ато (Атоқулов) ба аҳли эҷод, фарҳанг ва аҳли маорифи ноҳияи Ашт ва берун аз он шинос мебошад. Шахсест ҳамеша дар такопў, ҷустуҷў, дар эҷод ва омўзиш.

Инак зиёда аз 40 сол аст, ки ба таълиму тарбияи насли наврас, созандагони ояндаи ҷамъият, давомдиҳандагони кори падарону бобоён машғул аст. Омўзгорӣ барояш касб не, балки шавқу рағбат, ишқ аст. Ба андешаи ў, омўзгор бояд мутолиаи пайваста дошта бошад, зеро соҳиби ин пеша инсонест некзамир, дардошно, ҷўянда ва машъалафрўз. Муаллим бояд ҳар дақиқа дар омўзиш бошад, афкори ниёгонро омўзад, донишашро такмил диҳад ва шогирдонро  аз усулҳои нави муосири таълим баҳравар гардонад. Дар ин замина, хонандагон аз ў на танҳо илму дониш, балки сабақи одамият ва худшиносӣ биомўзанд.

Ў ҳастии хешро баҳри баланд бардоштани саводнокии фарзандони мардум бахшидааст. Вай аз таҳти дил ба дарс омодагӣ мегирад, то ки шогирдонаш чизе омўзанду  дар пешрафт ва рушди илм оянда ҳиссагузор бошанд, мероси зиёда аз ҳазорсолаи гузаштагонро ҳифз намоянд ва ба қадру манзалати он бирасанд.

Маърифатпарварӣ ва донишпажўҳии ў ҳангоми донишҷўи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будан (қаблан УДТ ба номи В.И.Ленин), аз сабақи устодони бузурги сухан сарчашма мегирад. Ҳангоми таҳсил дар шуъбаи ғоибонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз донишманди каломи бадеъ, адабиётшинос, профессор, шодравон Абдуманнон Насриддинов илми мизони шеъри тоҷикӣ ва таҳлилу тадқиқи мероси ниёгонро омўхта, то лаҳзаҳои охири умри устод бо он кас ҳамкорӣ намудааст.

Ў аз соли таҳсили 1987 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 аз фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик,  алифбо ва матни ниёгон ба таълиму тарбияи насли наврас камари ҳиммат баст. Дарсҳояш рангорангу шавқовар буданд. Кўшиш менамуд, ки дар ҳар дарсаш он чӣ аз устодон ва адабиёти илмиву бадеӣ омўхта буд, ба шогирдон диҳад. Мақоми омўзгор дар эҷоди иқлими маънавӣ дар навбати аввал ба имконияту истеъдоди ў вобаста аст. Муаллим метавонад бо рафтор, хислатҳои ҳамида ва сухантирозии хеш хонандаро мафтун созад, ў устоди комил аст.

Хушбахтона, Рустами Ато аз рўзҳои аввал дар қалби кўчаи шогирдон бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фарох, нутқи бурро, диққатҷалбкунандагӣ ва хислату сухандонии  ба худ хоси рафтори ҳар як хонанда мувофиқ амал намуданаш, ба қалби онҳо зуд роҳ ёфт. Толибилмон ҳар дарси ўро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Ў шогирдони зиёдеро ба  камол расонида, ба шоҳроҳи ҳаёт ҳидоят намудааст. Шаш нафари онҳо дабистонро бо медалҳои тиллову нуқра, қисме ҳамчун ғолиби озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва қисми дигар бо шаҳодатномаи аъло ба итмом расонидаанд.

Соли 1996 ўро ҷонишини директор оид ба таълими синфҳои ибтидоӣ таъйин намуданд. Соли 2000-ум директори муассиса таъйин гашт. Дар фаъолияти корӣ ба як қатор пешравию муваффақиятҳои  назаррас ноил гардид. Ў баҳри пешбурди кор ва ба натиҷаҳои дилхоҳ расидан, ба тарбияи насли наврас диққати асосиро равона сохт, зеро кори таълим бе тарбия пеш намеравад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мактаби нави мувофиқи талаботи замони муосир сохта ба истифода дода шуд. Акнун хонандагон дар синфхонаҳои барҳаво таҳсил мекунанд, дар озмунҳо, олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ иштирок карда, ғолибият ба даст оварданд.

Чашмикордонӣ ва соҳиби таҷрибаи ғании педагогӣ доштани  Рустами Ато аз назари мудири шуъбаи маорифи вақт Толибҷон Маҳмудов дур намонд. Ў соли 2009 дар шуъбаи маориф ба фаъолият оғоз намуд.

Рустами Ато рўзноманигори варзида аст. Баъди чопи аввалин навиштааш, соли 1973 дар рўзномаи ноҳиявии “Шуҳрати Ашт” оташаке дар қалбаш нисбат ба ин касби пуршараф фурўзон гашт. Ў  ҳангоми донишҷўйӣ, соли 1975 дар рўзномаи  “Комсомоли Тоҷикистон” (“Ҷавонони Тоҷикистон”) аз адиби шинохта Кароматулло Мирзоев, соли 1976 дар рўзномаи “Тоҷикистони советӣ”  (“Ҷумҳурият”) аз журналисти собиқадор, шодравон Турдиалӣ Бойбобоев таҷриба андўхта, солҳои 1978-1979 ба ҳайси мусаҳҳеҳи нашрияи ноҳиявӣ иҷрои вазифа намудааст.

Хислати муҳими омўзгории Рустами Ато  эҷодкории ўст. Ў на танҳо дарсҳояшро эҷодкорона мегузаронад, балки худ ба таҳқиқу эҷод машғул аст. Рисолаву китобҳои иншонамудаи ў дар бораи адибони форсу тоҷик ва муосир аз ҷониби донишмандон баҳои баланд гирифтааст. Мавсуф ба паҳлуи тарғиботии сухан, ки неруи он дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти инсонӣ нақши назаррас доштаву дорад, бештар диққат медиҳад.

Вай муаллиф ва мураттиби рисолаву китобҳои “Равшангари дилҳо”, “Ояндасозони миллат”, “Панду ҳикматҳо аз “Маснавии Маънавӣ”, «Захми тир”, “Илми бадеъ ва анвои шеъри тоҷикӣ”, “Меҳрбахши дилҳо” (2010), “Мирзо Турсунзода – меъмори кохи назм”, “Ҷонфидои роҳи Истиқлол”, “Равшанзамир” (2011), “Саррофи сухан” (2012), “Одинамуҳаммади Маъдан ва девони ў”, “Асолати каломи Худованд” (2013),  “Ҷомӣ - адиби ҳикматшинос”, «ҷамъи калимаҳои арабӣ аз луғатномаи устод Айнӣ” (2018)  ва ғайра мебошад.

Барои хизматҳои шоиста дар соҳаи маориф ў бо ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия, раёсати маорифи вилояти Суғд Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), сипосномаҳои раиси ноҳия ва нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002) ва дигар мукофотҳо  сазовор гардидааст.

Рустами Ато аз соли 2006 узви Иттифо-қи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барояш мояи ифтихор аст, ки фарзандонаш Каюмарс ва Сайидо хатмкардагони факултаи рўзноманигорӣ буда, аз пайи падар рафтанд ва дар арсаи журналистикаи тоҷик фаъолият мебаранд.

                                               

Раҳим Қобилов,

омўзгори мактаби №40,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш