Нашрияи Омӯзгор

Дастоварди хонандагони ВМКБ

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Сардори раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар шаш моҳи соли равон хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои равияи табиӣ-риёзӣ ва гуманитарӣ 81 медал – 6 медали тилло, 17 медали нуқра ва 58 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин дастоварди беҳтарин маҳсуб меёбад.

82 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии навоҳии Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ дар олимпиадаҳои байналмилалии «Архимед» дар Ҷумҳурии халқии Хитой ва «Кенгуру» дар Ҷумҳурии Австрия аз фанни математика иштирок намуда, соҳиби 19 медал, аз ҷумла, 3 медали тилло, 6 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ  гардиданд.

Тибқи ҳисоботи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ  аз 2630 нафар хатмкунандаи соли ҷорӣ 2203 нафар, ё 83, 7 фоиз номнавис гардид. Ҳамзамон, аз ҳисоби хатмкардагони солҳои пешин 480 нафар ва 109 нафар хонандаи синфи 9 аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштанд. 

Барои соли таҳсили 2020-2021 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои вилоят 170 квотаи Президентӣ ҷудо гардид.

Соли равон 39 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимии вилоят ба донишгоҳҳои шаҳрҳои Толятти ва Самараи Федератсияи Россия дохил шуданд, ки ин нишондиҳандаи хуб аст.

 

Н. ДИЛОВАРШОЕВА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш