Нашрияи Омӯзгор

Дилбохтаи забон

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Ошноии ман ба эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода аз соли 1989-ум оғоз ёфтааст. Он солҳо дар Институти педагогии шаҳри Хуҷанд (айни ҳол ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) таҳсил мекардам. Ба мо аз фанни таърихи халқи тоҷик Усмонҷон Ғаффоров дарс мегуфтанд.

Аз нақли устод аз рўзгори талхи ин нависандаи чирадаст маълумот пайдо кардем. Маълумамон гардид, ки баъди ба Англия рафтани писараш Азиз чӣ қадар вазниниҳое болои сари адиб омад. Осораш аз китобҳои дарсӣ хориҷ ва китобҳояшро аз рафҳои китобхонаҳо берун карданд. Ба тамоми  нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, ноҳиявӣ, радиою телевизион супориш дода буданд, ки аз навиштаҳои Улуғзода ҷумлаеро ба нашр нарасонанд. Ба ҳамаи ин супоришҳои қатъӣ нигоҳ накарда, сармуҳаррири «Маориф ва маданият» Б.Бердиева, зани ҷасур, нотарс, олиҳиммат ҳар моҳе як мақола ё ҳикояи нависандаро ба нашр мерасонд. Солҳои мактабхонию донишҷўии банда дар рафҳои китобхонаҳо дарёфт кардани китобҳои Сотим Улуғзода хеле мушкил буд.

Баъди солҳои 80-уми асри гузашта вазъи сиёсӣ тағйир ёфт ва Сотим Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик мавқеи муносиб пайдо кард. Асарҳои нависанда пайи ҳам чоп мешуд, ки  аз навиштаҳои дигар адибон ба куллӣ фарқ мекарданд. Забони осори адиб равон, ширадор ва пурмазмун мебошад. Адиби тавоно ҳар як калимаро дар тарозуи ақл баркашида, бамаврид дар ҷойи худ истифода кардаанд, ки хонанда дар ҳайрат мемонаду ба маҳорату ҳунари нигорандагии муаллиф аҳсан мехонад. Хусусан, забони романи «Фирдавсӣ» он қадар ширадор аст, ки ба забондонии устод Улуғзода тан надодан аз инсоф берун аст.

Сотим Улуғзода забони тоҷикиро хеле дўст медошт ва аз он ифтихор дошт. Ҳоло як порча аз суҳбати адабиётшинос Сафар Абдуллоҳ бо устод Сотим Улуғзода (Омўзгор, №38, 18.09.1991)-ро меорам, ки аз манфиат холӣ нест ва бори дигар аз маҳорату малакаи забондонии он кас дарак медиҳад:

«С.Абдулло: Ин ҳамин андешаи ботил аст, ки гўё баробари барҳам хўрдани давлати Сомониён (с.999) давлати тоҷикон барҳам хўрда...

С.Улуғзода: Ҳамин давлати Маҳмуд давлати тоҷикӣ буд. Бо он ки худи Маҳмуд ирқан нимтурк буд, системаи давлатдориаш тоҷикӣ буд. Модараш  тоҷики сиистонӣ буд, коргузории расмӣ ба забони тоҷикӣ буд, гуфтугў дар дарбор ба забони тоҷикӣ буд, адабиёт тоҷикӣ буд. Давоми давлати Сомонӣ буд. Ман қатъан ба ин бовар дорам».

Ин мусоҳибаи адабиётшинос соли 1985 сабти овоз шуда, соли 1991 дар 4 шумораи «Омўзгор» нашр гардида, як рисолаи мукаммалро мемонад. Ба вазъи забондонию гуфтори мардум дар он солҳо устод Сотим Улуғзода  баҳои воқеӣ дода буданд:

«Ҳоло баъзе аз бадбахтони мо кўшиш карда истодаанд, ки ба дигар забон ҳарф зананд, забонашонро зўр зада, бо як забони нимтуркию ним тоҷикию нимрусӣ ҳарф зада, аз аслу пайванд ҷудо кунанд. Бешак, ин аз ҷаҳл аст, аз бесаводист. Гурўҳе ҳеҷ парво надоранд, ки ин забон ҳаст ё нест. Онҳое, ки дар бораи забонашон фикр намекунанд, ботинан хоини миллат ҳастанд».

Устод Сотим Улуғзода дар дигар асарҳояшон низ ҷумлаҳое доранд, ки баробари як китоб маъно доранд.  Суханони Восеъро аз романи «Восеъ» чун намуна  меорем:

«Худо туро одам офаридааст, агар туро хар карда савор шаванду ту ба ин тан диҳӣ, тоқат кунӣ, одам нестӣ. Офаридаатро муттаҳам кардаӣ. Туро ба ноҳақ хор кунанд, зери по кунанду ту хап истӣ, номардӣ, ору номус надорӣ; занат ва фарзандонат, ёру дўстонат ҳақ доранд, ки аз ту рўй гардонанд.»

Хулоса, устод Сотим Улуғзода дўстдори забони тоҷикӣ буд ва ин  муҳаббати худро дар  асарҳояш пешкаши хонандагон гардонидааст.

Раҷаб Маликзода,

омўзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №26, ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш