Нашрияи Омӯзгор

Таъсиси марказҳои нави таълимию омӯзишӣ

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

20 июли соли ҷорӣ нишасти матбуотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид.  Муовини аввали ректори донишгоҳ Маҳмудҷон Тошматов иброз дошт, ки айни замон дар донишгоҳ 296 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 2 академик, 15 доктори илм ва 113  профессор, дотсентон ва номзадҳои илм ба таълиму тадриси донишҷӯён машғуланд.  Дар сохтори донишгоҳ 9 факулта, 21 кафедра, 5 марказ, инчунин, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара   ва литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд. Имсол 735 нафар зинаи бакалаврро бомуваффақият хатм намуданд, ки аз онҳо 31 нафарашон сазовори дипломи аъло гардидаанд.

Дар идомаи суханронӣ муовини ректори донишгоҳ зикр намуд, ки соли равон  Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Корея дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки барои гузаронидани машғулиятҳо дар равияи барномасозӣ нигаронида шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2018 бо маблағҳои донишгоҳ ду озмоишгоҳ - озмоишгоҳи тайёр намудани таомҳои халқҳои ҷаҳон  ва озмоишгоҳи дигар оид ба хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ба истифода дода шуд.

Дар шаш моҳи соли 2018  4 нафар омӯзгор рисолаи  номзадӣ дифоъ намуданд. Ҳамчунин, дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)  (Шӯрои диссертатсионӣ таҳти рамзи 6D.KOA – 039, бо фармоиши КОА ҶТ таҳти №6 аз 29 январи соли 2018)  таъсис дода шуд.

- Соли ҷорӣ  сомонаи китобхонаи электронӣ http://elibrary.tut.tj таъсис ташкил карда шуд. Аз ҷониби китобхонаи илмии донишгоҳ ду лоиҳа, яке бо номи «Бунёди бойгонии захираҳои иттилоотӣ – электронии китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» ба комиссияи байниидоравии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи дигар ба барномаи  Erasmus+  пешниҳод карда шуд.  Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо беш аз  87 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмонҳо ва марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ба роҳ мондааст.

Дар натиҷаи комёб шудан ва татбиқи мақсадноки лоиҳаҳои байналмилалӣ  имконияти дар донишгоҳ таъсиси марказҳои нав, аз ҷумла: Маркази соҳибкории инноватсионии ҷавонон (лоиҳаи MIND), Маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ (лоиҳаи World Bank), Маркази таомҳои аврупоӣ ва миллӣ (лоиҳаи GIZ) фароҳам омад, ки дар раванди таълим ва тадқиқоти илмӣ самаранок истифода мешаванд, - қайд кард дар охир муовини  ректор.

 

Н.ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш