Дўлона
Олами рустаниҳои Тоҷикистон ғанист. Аз қадимулайём мардуми мо дўлона, зирк, қот, зира, сиёҳалаф, модел, торон, чукрӣ, пиёзи анзур, ров, рошак, решак, ҷағ-ҷағ, пудина, чойкаҳак, барги зуф ва ҳолмонро ҳамчун гиёҳҳои ғизоӣ истифода мебаранд.
Дар байни рустаниҳои ғизоӣ дўлона мақоми махсус дорад.
Он растании буттагӣ ё дарахтии майда буда, мансуби оилаи настаранҳост.
Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ 50 намуд ва дар Тоҷикистон 11 намуд дўлона ба қайд гирифта шудааст. Дўлона, маъмулан, дар ҷангалзорҳо, қад – қади ҷўйборҳо, дар соҳили дарёҳо мерўяд.
Он растании бисёрсола буда, 200 – 300 сол умр мебинад, худрўй ва ба хунукӣ тобовар аст, меваи хўрданӣ дорад.
Дар таркиби он қанд, кислотаҳои органикӣ, витамини С ва дигар моддаҳои фаъоли биологӣ, ки дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар организми одам басо муҳиманд, мавҷуд мебошанд. Аз меваи дўлона шарбат, мураббо тайёр мекунанд, ки хеле хушхўранд. Дар тибби муосир доруҳои аз ин дарахт тайёршуда барои бемориҳои асаб, фишори хун ва ҷигар муфидан. Пўст, барг ва решаи он барои ранг кардани матоъҳо, чўбаш дар сохтмон истифода бурда мешавад.
Гулаш ғизои занбўри асал мебошад. Решаи дўлона намиро нигоҳ дошта, хокро мустаҳкам мекунад. Дар натиҷаи кам шудани он мумкин аст, канда шудани кўҳ ба амал ояд. Дўлона бештар дар водии Ҳисор ва дараҳои Варзобу Ромит паҳн шудааст.
Ҳулбў (пудина)
Ҳулбў (пудина) рустании бисёрсола аст. То 1 метр қад мекашад ва бўйи махсус дорад. Ин гиёҳ дар моҳи июн гул мекунад.
Ҳулбўро дар тамоми гўшаву канори диёрамон дидан мумкин аст. Аз давраҳои қадим мардум хосияти шифобахшии ин гиёҳро медонист. Ҳоло ҳулбўро ҳамчун растании шифоӣ дар ҷумҳуриҳои Украина, Белорусия, Кавказ ва Тоҷикистон парвариш мекунанд.
Барги ҳулбў дар таркибаш аз 1,5 то 4% равғани эфир, каротин, ментол ва ғайра дорад, ки дар саноати дорусозӣ истифода мешавад.
Ҳангоми сахт хунук кардани равғани ҳулбў ментолро аз дигар моддаҳои кимиёвӣ ҷудо карда мегиранд, ки дорои хосияти аҷиби дорусозист. Ментоли таркиби ҳулбў ба васеъ шудани рагҳои дил, мағзи сар ва шуш ёрӣ мерасонад. Ментол ба таркиби қатраи валидол, валекардин, петрусин барин доруҳо дохил мешавад.
Истеъмоли доруҳои аз ҳулбў тайёршуда дар вақти рагкашии мушакҳои бадан, бемории меъда, бемории дил, рўда, ҷигар, гурда ва ғайра таъйин карда мешавад. Равғани ҳулбўро дар атриёт, барои тайёр кардани хамираҳои дандоншўӣ, собун, қандҳо ва шарбатҳо (барои хушбўй ва хуштаъм карданашон) истифода мебаранд. Инчунин, мардуми мо ҳулбўро ҳангоми пўхтани хўрокҳои баҳорӣ ба кор мебаранд. Дар тибби қадима ҳулбўро ҳамчун доруи қувватбахшу тозакунандаи бадан, арақрону пешобовар истифода мебаранд.
Ривоят мекунанд, ки Луқмони Ҳаким писаре доштааст. Рўзе писараш бемор мешавад. Луқмон, ки ҳама бемориҳоро табобат мекард, писари ягонаи худро муолиҷа карда наметавонад. Писараш вафот мекунад. Луқмони Ҳаким барои фаҳмидани сабаби вафоти писараш, шикамашро чок карда мебинад, ки дар талхадон санги калонест. Писараш аз ҳамин бемории санги талхадон фавтидааст.
Луқмони Ҳаким барои нигоҳ доштани санг аз он дастаи корд месозад. Рўзе дар саҳро ҳангоми кор карданаш кордро болои ҳулбў мегузорад. Пас аз якчанд соат корди худро мехоҳад гирад, лекин дастаи сангини он об шуда буд. Афсўс мехўрад, ки давои дарди писараш ҳулбў будасту аз он бехабар мондааст.
Шариф Арабов,
омўзгори химияи мактаби №21-и
ноҳияи Варзоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр