Дар доираи саноатикунонии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар шаҳри Ҳисор 74 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Корхонаҳои мазкур, асосан, дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нўшокии машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. То ин давра марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли бомпўшҳои ранга дар назди ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпўш дар як сол бо таъсиси 15 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли бомпўши ҶДММ «Юсуфҷон-2020» бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпўш дар як сол, бо таъсиси 20 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли зарфҳои калонҳаҷми пластикӣ аз ҷониби ҶДММ «Импекс Компания» бо таъсиси 10 ҷойи кор, корхонаи коркарди санги ҶДММ «Авесто гурўҳ» бо таъсиси 11 ҷойи кор ва корхонаи истихроҷи қуму шағали ҶДММ «Сарвати саноат» бо таъсиси 7 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар намуд.
Зикр шуд, ки дар шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 бунёди 866 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрўз 722 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Бо ташаббуси сокинони шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони маҳаллӣ танҳо дар ҷашни Наврўзи байналмилалӣ 111 иншоот ва дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ 185 иншоот ба истифода дода шуданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр