Нашрияи Омӯзгор

Омўзгори шарафманд

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Наргис Шарифова ҳангоми  дар мактаби миёна таҳсил намуданаш орзуи омўзгор шуданро дар дил мепарварид. Пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода супорида, соҳиби маълумоти олӣ гардид.

Фаъолияти  худро дар муассисаи таълимии №93-и шаҳри Душанбе ба ҳайси омўзгори фанни забони русӣ оғоз бахшид. Дарсҳояшро бо истифода аз методу усулҳои муосири таълимӣ гузаронида, мекўшид, ҳар як машғулияташ барои шогирдон ҷолибу мароқангез бошад. Омўзгори кордон дар робита бо татбиқи низоми муносибати босалоҳият ба таълим саволу пурсишҳо, кроссвордҳои гуногун тартиб дода, талош мекард, ки дар раванди дарс бештар хонандагон фаъол бошанд.

Бо амри тақдир сокини яке аз деҳаҳои ноҳияи Рўдакӣ шуду фаъолияташро дар мактаби №55-и ноҳия идома дод. Маҳз маҳорату кордонияш буд, ки номбурда дар муассисаи таълимии мазкур (ҳоло мактаби №111-и ноҳияи Сино) директор таъйин гардид. Наргис Шарифова кўшиш ба харҷ медиҳад, ки шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд, ба донишкадаву донишгоҳҳо дохил шуда, илму дониш, касбу ҳунар омўзанд.

Н.Шарифова омўзгорро роҳнамои аслии шогирдон дониста, ба ҳамкасбон низ ҳамеша таъкид мекунад, ки муаллимӣ кори саҳл нест, таълиму тарбияи инсонро ба зимма доштан масъулияти бузургест. 

Ў мегўяд, ки сулҳу субот ва ваҳдати комил дар кишвар беҳтарин нишот аст ва мо, омўзгоронро зарур аст, ки дар раванди таълиму тарбия шогирдонро барои расидан  ба  қадри сулҳу субот ва истиқлол талқин намоем ва ба ин васила, насли худшиносу худогоҳ ва ватандўстро ба камол расонем.

Файзимо АЛИЕВА,

Аълочии маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш