Нашрияи Омӯзгор

Риояи реҷаи рўз кўдакро солим мегардонад

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Хушбахтии волидайн ба саломатии тифл вобаста мебошад. Барои он ки кўдак ҳаматарафа солим ба воя бирасад, вазъи хубу хоби ором дошта бошад, бояд ўро аз рўзи таваллуд ба реҷаи муайян одат кунонд. Реҷа тақсимоти дурусти рўз буда, барои фаъолият ва фароғати шоиста пешбинӣ мешавад. Масъалаи хоб, хўрок, истироҳат, бозӣ, машғулиятҳои дигар ҳама бояд дар як чорчўбаи муайяну пайдарҳам ҷойгузин бошанд.

Агар дар ҳар як оила реҷаи муайян риоя карда шавад, он гоҳ барои рўҳану ҷисман солим ба воя расидани кўдак мусоидат мекунад. Дар ҳолате ки кўдак бе риояи реҷа фаъолият мекунад, ин ҳолат ба психологияи ў таъсири манфӣ расонда, тадриҷан кўдакро лоғар ва гарданшаху беҷуръат мегардонад. Аз ин рў, мураббӣ ё падару модаронро лозим аст, ки ҳанўз аз давраи туфулият ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Таҷрибаҳои психологии олимон нишон додаанд, ки ҳолат, рўҳ ва рафтори кўдак аз дуруст ташкил кардани хобу фароғат ва ҳаракату рафтори минбаъдаи ў вобаста аст. Агар кўдак дар вақти муайянгардида хоб рафта, дар муддати мувофиқ бозӣ ва фароғат намояд, ў хушҳол, чолоку чаққон ва зирак ба воя расида, барои фаъолияти самаранок ва машғулияту бозӣ ҳамавақт омода мегардад. Аз ин рў, хобро қувваи ҳимоякунандаи ҳолати эмотсионалӣ ва ҷисмонии кўдак меҳисобанд.

Дар вақти хоб тамоми узвҳои бадан, аз ҷумла, майнаи сари кўдак дам мегирад ва дар давоми рўз қувваи сарфкардаашро барқарор менамояд. Бино ба ақидаи табибон, кўдакони синни томактабӣ бояд рўзона камаш то ду соат хоби бофароғат раванд. Баъзе падару модарон кўдакро якпаҳлу мехобонанд, ки нодуруст аст, зеро дурудароз ин тавр хобидани ў ба деформатсияи косахонаи сар, каҷ шудани сутунмуҳра, қафаси сина ва ғайра мерасонад. Хуб мешуд, ки агар кўдак рўболо бихобад, зеро ҳама узвҳо ба таври муътадил кор карда, фишороварӣ дида намешавад.

 Обутоб додани кўдакон яке аз паҳлуи кори мураббиҳо ба ҳисоб меравад. Барои чӣ баъзе кўдакон аз ҳавои сард ва ё аз ҳавои аз меъёр зиёд гарм наметарсанд, ё худ ҳодисаҳои шамолхўрии онҳо кам ба назар мерасад? Аммо баъзеашон баръакс, аз камтарин хунукшавии ҳаво зуд шамол хўрда, бемор мешаванд. Зеро организми кўдакони гурўҳи якум дар натиҷаи риояи реҷаи рўз ва иҷрои варзишҳои ҷисмонӣ обутоб ёфта, ба шароити гуногуни обу ҳаво зуд мутобиқ гардида, тобовар мебошанд. Онҳое, ки ба реҷаи рўз одат накардаанд, лоғару заиф буда, ҷараёни мутобиқшавиро бо мушкилӣ гузаронида, ҳар сари чанд вақт бемор мешаванд.

Дар ҷараёни обутобдиҳии организми кўдак ҳавои тоза нақши муҳим дорад. Ҳарорати хона бояд барои кўдаки синни ширхора 22 дараҷа С ва барои кўдакони синни томактабӣ бояд 18С0 дараҷа гарм бошад. Агар кўдак бисёр ҳаракат карда, ҷастухез кунад, организми ў оксигенро бештар фурў мебарад, ки аз фоида холӣ нест.

Гулчеҳра ХУДОЙНАЗАРОВА ,

мудири ширхоргоҳ – кўдакистони рақами 152,

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш