Маро Балху Бухоро мешиносад
Мусулмону насоро мешиносад.
Ба Истиқлолу Ваҳдат пойдорам,
Ҷаҳонам, бемуҳобо, мешиносад.
Вароруд аз манаш ҳарфу ҳиҷо буд,
Ки ин дам Кибриёро мешиносад.
Наку гуфтан, наку рафтору гуфтор
Касе донад, к-Авасто мешиносад.
Ҷаҳон асли давои дардҳоро
Ба изни номи Сино мешиносад.
Ба ин арзандагиҳо Сулҳи моро
Ниҳоди Сулҳи дунё мешиносад.
Зи ман фарҳанги Миллал поя дорад,
Мақомашро ЮНЕСКО мешиносад…
Агар Дирўзи ман инкор гашта,
Маро Имрўзу Фардо мешиносад.
Саҳоб РАҶАБӢ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр