Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи ватандўстӣ дар мадди аввал

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

То  истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои башумор мондааст. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир тибқи нақша – чорабиниҳои  бешумор  барои сазовор ҷашн гирифтани ин ҷашни муҳимми давлатӣ корҳои зиёде ба сомон расонда мешавад.  Аз пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе сар карда, дар шасту ҳашт шаҳру ноҳияи ватани азизамон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад. 

Ба ин маънӣ, ҳамин шабу рўз ҳисси ватандўстиву худогоҳии миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз муҳим аст. Агар ба ҳодисаҳои давлатҳои ҳамсоя ва минтақа бингарем, эҳсос мегардад, ки он ташвишовар аст.  Истиқлолияти мо, тоҷикон, дар даврае  ба вуқўъ пайваст, ки давлати абарқудрати Шўравӣ  аз байн рафта, ба мо лозим меомад, ки аз сари нав давлати миллии худро месохтем. Албатта, қувваҳои зиёде буданд, ки ҳадафҳои нопок дошта, мустақилияти моро намехостанд. Аз ин рў, таҳти раҳбарии   фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем, ки зина ба зина ба эъмори давлати мустақил шурўъ бикунем. Ҳукумату давлати тозаистиқлол ба сохтани пулу корхонаҳо, иншооти муҳимми маишиву варзишӣ ва монанди ин шурўъ намуд, ки  ба  кор даровардани ду чархаи агрегати НБО «Роғун» муваффақияти бузурги халқи тоҷик дар ду даҳсолаи аввали асри бисту як   қаҳрамонист.

Дар баробари ҳамаи ин, имзои созишномаҳои зиёде байни Тоҷикистон  ва давлатҳои хориҷӣ нишон дод, ки халқи олам ҷумҳурии моро ҳамчун давлати соҳибихтиёру дунявӣ мешиносанд, эътироф мекунанд. 

Вобаста ба ин, бояд минбаъд низ тарбияи ватандўстии насли наврасро  дар муассисаҳои  таълимӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монем. Мутаассифона, дар аксари оилаҳо  тарбияи фарзандон ба ҳоли худ гузошта шуда, волидон масъулияту вазифаи худро ба таври бояду шояд иҷро намекунанд. Бархе аз  ҷавонон ба хориҷи кишвар, бештар ба Федератсияи Россия  рафта, кўшиш менамоянд, ки шаҳрванди ин мамлакат  гардида,  муқими он мамлакатро соҳиб шаванд. Мегўянд, ки дўст доштани ватан аз имондорист. Агар мо ватани худро дўст надошта, ба ояндаи он  бефарқ бошем, пас,  чӣ гуна  даъвои ватандорӣ менамоем?

        Аз ин рў,  роҳбарони синф ва омўзгорон мебояд масъулиятро хеле ҷиддӣ эҳсос намоянд. Ба қарибӣ  соли нави таҳсил   шурўъ мегардад. Агар тамоми дарсҳоро мо дар рўҳияи ватандўстӣ гузаронда, чорабиниҳои тарбиявиро ҳадафрас ташкил карда тавонем ва агар худи ҷомеа ба мактаб таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд, бовар дорам, чунин нофаҳмиҳо рўй нахоҳанд дод. Бояд, ки ҳама якдилона сиёсати сулҳпарваронаю маорифпарваронаи Сарвари давлатро дастгирӣ карда, пайи тинҷиву амонӣ ва ободии кишвар кўшиш намоем.

 

Иродат  СОЛИҲОВА,

омўзгори таърих ва ҳуқуқи  гимназия – парваришгоҳи ба номи Б. Ғафурови

ноҳияи Рўдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш