Нашрияи Омӯзгор

Байти саҳеҳ кадом аст?

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои  синфи 9 ду байти ғазали машҳури Камоли Хуҷандӣ оварда шудааст, ки ба ин тарз аст:

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,

Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро.

Гўиям рўзе: «Бирав! Султони вақти хеш бош!»

Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.

Байти дуюми ин ғазал дар девони дуҷилдаи Камол (ҷ.1, нашриёти «Ирфон», соли 1983, саҳифаи 4) ин тавр омадааст:

Гўиям: Рав, з-ин дару султони вақти хеш бош,

Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.

(Дар ин байт низ хатои имлоӣ содир шудааст. Пас аз «рав» гузоштани вергул ҷоиз нест, зеро  асли  ҷумла «аз ин дар рав» мебошад.)

Акнун ба сари мақсад меоем. Дар навишти ҳарду варианти байт вазни ғазал тағйир намеёбад. Яъне дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф, ки рукнҳояш фоилотун, фоилотун, фоилотун, фоилун ( -v--/-v--/-v--/-v- ) мебошад, навишта шудааст, аммо дар ифодаи мантиқи сухан ва санъати бадеӣ тарзи навишти китоби дарсӣ ба мақсад мувофиқ нест.

Бо кадом далелҳо?

Якум, калимаи «дар» дар ин байт бори маънӣ мекашад ва берун кардани он аз мисраъ маънии умумии байтро вайрон мекунад. Дар байти мазкур  Камол бо санъати иҳом ва таҷнис «дар»-ро ба ду маънӣ ифода кардааст. Ба маънии наздик «дар» ифодакунандаи даргоҳ, остонаи хона буда, ба маънои рамзи  боргоҳи ишқ аст. Ғазал ирфонию тасаввуфист. Дар он ишқи холиқу махлуқ тасвир ёфтааст. Ишқ худ гирифторию бандагист. Лекин ошиқ мегўяд, ки ў то дар ин остон аст, султон аст. Чун аз ин остони бандагӣ меравад, гадо мегардаду гадоиро хуш надорад. Маънии аввалро хонанда зуд мефаҳмад, яъне маъшуқ мегўяд, ки аз назди дари ман бирав ва тани танҳо чун султон куҷо хоҳӣ бигард, яъне на ҳар ошиқ лоиқи ишқ аст, ки савдои он ба осонӣ бирасад. Ба қавли Аминҷон  Шукўҳӣ, ишқ обу оташ аст, ки бояд худро ба он биафканӣ. Аз ин рў на ҳама тобу тавони тоқати ин оташро дорад.

Ту, охир, мавҷи дарёӣ, вафоӣ,

Ту, охир, бо дили ман ҳамсадоӣ.

Ба обу оташ афтодам, фитодӣ,

Накардӣ ҳеҷ гоҳ аз ман ҷудоӣ.

Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.

Яъне, дуюм, ифодаи мантиқӣ сухани ошиқ аст, ки мегўяд: ман ҳамин ҳоло шоҳам, зеро муҳаббати ту барои ман ганҷинаи бузургест, ки дар ягон боргоҳи  шоҳӣ нест ва агар ту маро аз ин «тоҷ» маҳрум созӣ, ба гадое табдил меёбам, ки бароям писандида нест.

Сеюм, аз байт чунин хулоса баровардан мумкин аст:

Касе, ки ёри покизаю бомаърифат дорад, ў соҳиби «тоҷу тахт» буда, аз хушбахтии умр ҳамеша бархўрдор аст ва баръакс, марди танҳо аз шарбати бахт бенасиб буда, дар равиши ҳаёт ҳамчун мурғи паршикаста аст, ки парвоз карда наметавонад.

Ғазали Камол гарчи ирфонист, вале ҷанбаҳои амиқу устувори заминӣ дорад.

Ҷалолиддин Эшонов,

 омўзгори  забон ва адабиёти тоҷики

мактаби №25-и шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш