Нашрияи Омӯзгор

Мактаби ҷасорату мардонагӣ

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошем. Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ бояд ба он равона карда шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдорӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳарчи бештар ташаккул ёбанд.

23-юми феврал дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳамчун Рўзи Артиши миллӣ истиқбол гирифта мешавад. Ҳамасола дар ин рўз собиқадорони ҷангу меҳнат, хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷанговарони башар дўст қадардонӣ карда  мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир сафи ҷавонони довталаб барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда истодаанд ва ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини давлатдорӣ ба насли ҷавон ҳамчун неруи пешбарандаву бунёдкор таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тамоми шароитро барои илмомўзи ва фаъолияти созандаи  насли наврас муҳайё кардааст.

Дар ҳақиқат, мо, ҷавонон, Ватани худро ҳифз намуда, намегузорем, ки душман қадами номубораки хешро ба ин хоки муқаддас гузорад. Инчунин, Ватан фарзандони қаҳрамон, шаҳидони озодипарасти хешро ҳаргиз фаромўш намекунад. Номи онҳо ҳамеша чун ахтари дурахшон дар саҳифаҳои таърихи халқи азизамон боқӣ мемонад.

Фарзандони бонангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодиро ҳимоя карда, аз худ матонату қаҳрамонӣ нишон додаанд. Корнамоии Шерак, Деваштич, Восеъ, Темурмалик… раҳнамои зиндагии мост.

Дар давоми 28 сол Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ҳазорон нафар ҷавононро ба камол расондаву парвариш намудааст. Дар навбати худ, боиси ифтихор ҳаст, ки кулли ҷавонон имрўз хуб дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ ба шумор меравад. 

Хушбахт он миллатест, ки соҳибистиқлол аст. Ҳеҷ давлат мустақилияти худро бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ нигоҳ дошта наметавонад. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон чун як кишвари соҳибихтиёру соҳибистиқлол дар харитаи ҷаҳон арзи ҳастӣ кард. Бинобар ин, зарурати ташкили Артиши миллӣ ба миён омад.

Чун анъана ҳамасола дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон кормандони илмӣ якҷо бо олимони Академия рўзи 23 февралро ҳамчун рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Мақсад аз барпо намудани  чунин ҷашнҳо баланд бардоштани тарбияи ватанпарастию худшиносии миллии ҷавонону наврасон мебошад.

Ҷамолиддин Абдулов,

ходими илмии Осорхонаи маорифи Академияи

таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш