Бо иттилои сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Одинашоҳ Мардов дар вилоят 25119 кўдаки то 5 - сола ҳаст, ки аз ин шумора 2144 нафар ба кўдакистон ва 6491 кўдак ба маркази рушди барвақтии кўдак фаро гирифта шудааст. 16488 нафар кўдаки синни томактабӣ ҳанўз аз муассисаҳои таълимии томактабӣ берун аст.
Мудири иҷроияи Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон Зулобӣ Маҳмадфозил зимни вохўрӣ бо Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иттилоъ дод, ки тибқи нақша имсол дар ҳар як ҷамоати деҳот Маркази рушди барвақтии кўдак таъсис дода мешавад.
Ҷ.Қозибеков,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр