Нашрияи Омӯзгор

Иҷрои қонуни забон – талаби замон

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти раёсати маорифи вилояти Хатлон, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз маълумотномаи ба мушовараи Вазорати маориф ва илм пешниҳоднамудаи шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот маълум гардид, ки ба татбиқи амалии масъалаҳои мазкур масъулини раёсату шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии минтақаи мазкур таваҷҷуҳ ва масъулиятшиносӣ зоҳир накардаанд.

Тамоми муассисаҳои таълимии кишвар дар доираи талаботи Низомномаи намунавии Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф муваззафанд ҷиҳати татбиқи амалии муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, барномаи рушди забони давлатӣ ва дигар дастурҳои дар ин самт қабулшуда тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Комиссияи мазкур дар доираи салоҳияти низомномавиаш бо ҷалби мутахассисони соҳа санад, маводи методӣ, таълимӣ ва таҳлилӣ омода месозад ва бо ба нақшагирии он дар нақшаи кории солонаи комиссия бо фарогирии самтҳои афзалиятноки муқаррароти татбиқи Қонуни забони давлатӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ҷаласаҳои комиссия ва иҷрои вазифаҳои дигаре, ки дар низомномаи мазкур дарҷ гардидаанд, чораҷӯӣ менамояд.

Аз раванди баррасии масъалаҳои мазкур ошкор гардид, ки соли таҳсили сипаригардида дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 103425 хонандаи ӯзбекзабон дар 4829 синф, 3690 хонандаи русзабон дар 178 синф ва 2505 хонандаи туркманзабон дар 121 синф ҳамчун намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ба таълим фаро гирифта шуданд.

Мусаллам аст, ки ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллии маскуни ҷумҳурӣ ва истифодаи озодонаи забони модарии онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2) кафолат додааст. Аз 3870 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мавҷудаи ҷумҳурӣ дар 3123 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, дар 608 муассисаи таълимӣ таҳсил ба ду ва се забон ва дар 137 муассисаи таълимии дигар таҳсил танҳо ба забони ақаллиятҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 586 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дузабона ва дар 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии сезабона, илова ба ин, дар 26 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони русӣ, дар 77 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони ӯзбекӣ, дар 31 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони қирғизӣ, дар 2 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони англисӣ ва дар 1 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони туркманӣ дар маҷмӯъ дар 134 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дар онҳо намояндагони ақаллиятҳои миллӣ таҳсилкунанда, таълими забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Шумораи умумии синфхо-наҳои дузабона - 17294 ва сезабона - 846 адад буда, шумораи синфҳои таълимашон сирф ба забони ақаллиятҳои миллӣ 2109 адад мебошад. Дар маҷмӯъ, шумораи умумии синфҳои таълимии дар онҳо намояндагони ақаллиятҳои миллӣ таҳсилкунанда 20249 адад ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи муқаррароти нақшаҳои таълимӣ дар чунин муассисаҳои таълимӣ таълими забони давлатӣ барои хонандагони ақаллиятҳои миллӣ аз синфи 2 то синфи 11 ба роҳ монда шуда, барои хонандагони ба забони русӣ таҳсилкунанда дар як ҳафта 29 соат, барои хонандагони ақаллиятҳои миллии ба забонҳои ӯзбекӣ, туркманӣ ва қирғизӣ таҳсилкунанда дар як ҳафта 22 соат муқаррар гардидааст. Ин миқдор соати нақшавӣ барои омӯзгорони забони давлатӣ мутаносибан ба 1,22  (22 соати дарсӣ) то 1,61 (29 соати дарсӣ) воҳиди корӣ баробар аст.

Аз омори зикргардида маълум аст, ки ба чунин шумораи умумии синфҳои дар онҳо намояндагони ақаллиятҳои миллӣ таҳсилкунанда чӣ қадар омӯзгори забони давлатӣ лозим аст. Пас, оё муассисаҳои таълимии дар онҳо намояндагони ақаллиятҳои миллӣ таҳсилкунанда бо омӯзгорони забони давлатӣ таъминанд? Худи омӯзгорони намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки аксар ғайритахассусанд.

Мутаассифона, чунин ҳолат дар муассисаҳои таълимии аксари ноҳияҳои дар онҳо ақаллиятҳои миллӣ маскунбудаи мавриди санҷишу омӯзиш қарордошта ба мушоҳида расид. Яқин, чунин камбудиҳо дар муассисаҳои таълимии дигар минтақаҳо низ мавҷуданд.

Ба ин хотир, мушовараи Вазорати маориф ва илм қарор қабул намуд, ки роҳбарияти раёсату мудирони шуъбаҳои маориф дар масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорони ихтисосманди забони давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чораҳои мушаххас андешида, ба Вазорати маориф ва илм ҳамасола дархост пешниҳод намоянд.

Ба такмили ихтисос ва бозомузии омӯзгорони забони давлатӣ ва забону адабиёти тоҷик дар синфҳои ғайритоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои ҷалби хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби ақаллиятҳои миллӣ ба ихтисосҳои забону адабиёти тоҷик ва махсусан ба ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ӯзбекии  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чораҳо андешанд.

Дар нақшаҳои кории Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” иҷрои масъалаҳои татбиқи амалӣ ва риояи ҳатмии имлои забони тоҷикӣ, талқин ва тарғиби омӯзиши забони гуфтугӯӣ ва муоширати расмии адабӣ дар раванди дарс ва ҳам дар муоширати омӯзгорону таълимгирандагон ва ҳам мураббиёну тарбиягирандагонро ба нақша гирифта, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва дар ҳар як синф ба мавҷуд будан ва дар раванди дарс истифода кардани “Феҳристи навишти “у” бар ивази “ӯ” пеш аз ҳарфи “ҳ” ва “ъ” ва истифодаи ҳамешагии “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” диққат диҳанд ва иҷрои онро назорат намоянд.

 

Раҷабалӣ САНГОВ,

сардори шуъбаи таъминоти

ҳуқуқӣ ва котибот, котиби Комиссияи татбиқи

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи

забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш