Нашрияи Омӯзгор

Роҳҳои тарбияи кўдакони синни томактабӣ

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Падару модарон омўзгорони аввалини кўдак буда, дар ҳаёти ў нақши муҳим мебозанд. Аз ин лиҳоз, нақши падару модар дар таълим ва тарбияи кўдакони синни томактабӣ ниҳоят бузург мебошад. Барои боз ҳам баланд бардоштани  нақши волидайн дар таълиму тарбия ва рушди ҳаматарафаи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд. Мақсади қонуни тарбияи фарзандон  дар рўҳияи ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ва амсоли инҳо мебошад. Ин қонун  роҳҳои ҳамкорӣ намудани падару модар ва таълимгоҳҳои томактабӣ,  ҳамчунин,  уҳдадориҳои омўзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва ташкилотеро вобаста ба таълиму тарбияи кўдак дар бар мегирад. 

 Барои  татбиқи яке аз бобҳои муҳими қонуни мазкур-ҳамкории падару модар ва муассисаҳои томактабӣ, Маркази инкишофи кўдаки (МИК) Хадамоти Оғохон оид ба маориф, дар Тоҷикистон (ХОМТ) низ  фаъолиятҳои “Рўзҳои падару модар”- ро тавассути вохўриҳои алоҳида бо ҳар як падару модари толибилмони МИК-и ХОМТ ба роҳ мондааст. МИК-и ХОМТ бо падару модарони кўдакони  марказ  ҳамарўза  дар тўли соли хониш фаъолиятҳои зеринро анҷом медиҳад:

•      Суҳбатҳои ҳаррўза дар бораи фаъолият ва пешрафти кўдакон;

• Гузарондани маҷлисҳои фардии навбатӣ ва ғайринавбатӣ бо падару модари кўдакони МИК;

• Иштироки фаъолона дар машғулиятҳои кўдакон;

• Иҷро намудани супоришҳои мураббӣ-омўзгор дар рўзҳои шанбе ва якшанбе (вазифаи хонагӣ);

• Роҳнамоӣ намудани кўдак дар ҳамдастӣ бо падару модарон;

• Омодагӣ ва гузарондани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва иду ҷашнҳои миллӣ.

Омўзгорон доимо дар алоқа бо падару модар мебошанд, то ки дар бораи фаъолияти ҳаррўзаи фарзандонашон бо онҳо маълумоти пурра дастрас намоянд.

Нақшаҳои мазкур аз тарафи волидайн ва омўзгор дар варақаи махсус ба қайд гирифта шуда, дар муддати муайян ҳам мураббӣ-омўзгор дар МИК ва ҳам волидайн дар хона аз болои онҳо кор карда, кўшиш мекунанд, то маҷлиси навбатии дигар ва ё маҷлиси ғайринавбатӣ масъалаҳои пешниҳодшуда  ҳаллу фасл гардад.

Роҳи дигари ҳамкории падару модар бо МИК, иҷрои вазифаи хонагӣ мебошад, ки ҳафтае як маротиба бо роҳнамоии мураббӣ-омўзгор ва кумаки  падару модар кўдакон супоришро дар хона иҷро мекунанд. Дар баробари ҳал шудани чунин супоришҳо волидон имконият пайдо мекунанд, то  бо фарзанди худ ҳамкорӣ намуда, аз лаёқат, маҳорат ва малакаҳои кўдакашон бархўрдор гарданд. Волидон ва омўзгорони МИК тавассути сомонаҳои интернетӣ (ба монанди нишонии электронӣ, Viber ва WhatsApp) доимо дар тамос буда, эълонҳо, номи мавзўъҳо, ҷадвали омўзиши якҳафтаина, маълумот дар бораи пешравӣ ва ё мушкилиҳои мавҷудаи синф дар гурўҳи махсуси вайберии барои ҳар як синф ва маълумоти мушаххас дар бораи ягон кўдак, дар гурўҳҳои фардии волидонро мубодила ва муҳокима мекунанд.

Дастурҳои таълимӣ бозиҳои гуногунро барои кўдакони синни 3 - 6 - сола, наворҳои видеоӣ бо афсонаҳои бо забонҳои тоҷикӣ ва англисиро,  ки дар хона волидайн метавонанд бо кўдаконашон иҷро кунанд, дар бар гирифтанд

 

Гулрў Гулбекова,

омўзгори Маркази инкишофи

 кўдаки Хадамоти Оғохон

оид ба маориф дар Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш