Нашрияи Омӯзгор

Ташкили такмили ихтисоси омўзгорон

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 822        Шарҳ: 0

 

Такмили дониш ва маҳорати омўзгорони муассисаҳои таълимӣ муҳимтарин омили беҳтар намудани сифати таълим маҳсуб меёбад. Аз ин рў, дар ҳамаи зинаи таҳсилот ба масъалаи бозомўзӣ ва такмили ихтисоси омўзгорон бояд эътиборӣ ҷиддӣ дода шавад.

Роҳу усулҳои амалигардонии ташкили  такмили ихтисоси омўзгоронро тавассути чунин усулҳо ба роҳ мондан мумкин аст:

А)  бо роҳи худомўзӣ;

Б)  иштирок дар корҳои иттиҳодияи методӣ;

В)  конфронс ва семинарҳои омўзишӣ;

Г)  омўхтани таҷрибаи пешқадами педагогӣ;

Ғ)  таҳсил дар курсҳои такмили ихтисос.

Ҳар  як роҳбари муассисаи таълимӣ бояд дурнамои такмили ихтисоси омўзгорони муассисаи худро барои 5 сол таҳия намуда, дар асоси он омўзгоронро ба курсҳои такмили ихтисос  сафарбар намояд. Директорони  муассисаҳои таълимӣ  дар фосилаи байни курсҳои такмили ихтисос метавонанд маҳорати тахассусии омўзгоронро бо ҷалби иштирок дар озмунҳои касбӣ  ба вижа, омўзгорони ҷавон, ҳавасмандгардонии рушди малакаҳои касбии омўзгорон тавассути гузаронидани конфронсҳо, семинарҳои илмӣ-адабӣ, озмунҳо, тарғиби таҷрибаи пешқадами омўзгорони муассиса, ки дар фаъолияти пурсамари омўзгории худ барои тарбияи насли наврас саҳми  босазо гузоштанд, аз ҷумла,  шогирдонро ба олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ омода намудан, бо рўзнома ва маҷаллаҳо ҳамкориҳои зич дошта, мақолаҳои методӣ аз таҷрибаи касбӣ интишор менамояд, дорои тарз ва усули хоси таълими фан, муносибат ва муомила бо шогирдон, ҳамкории зич бо кумитаи волидайн доштаро барои омўзиш ва  таҷрибаи пешқадам пешниҳод менамояд. Ин ҷо зарур мешуморем, ки он роҳу усулҳои ташкили такмили ихтисоси омўзгоронро  шарҳу тафсир диҳем: 

1) Бо роҳи худомўзӣ: ин усули такмили дониши омўзгор  бештар аз рўйи нақшаи таҳиягардидаи худомўзи  амалӣ мегардад. Аз ҷумла, мутолиаи амиқи  китобҳои дарсӣ ва маводи дидактикӣ,  адабиёти бадеӣ-илмӣ ва методӣ, корбарӣ бо ҳуҷҷатҳо, омўзиши таҷрибаи ҳамкасбон, гузаронидани дарсҳои намунавӣ-таълимӣ ва тарбиявӣ, омўзиш ва истифодаи технологияи нав, кор бо хонандагони сустхон ва боистеъдод, маълумоти  расонаҳои хабарӣ, амсоли  интернет, маҷалла ва нашрияҳо оид ба дарсҳои инноватсионӣ   ва ғайра.

2) Иштирок дар кори иттиҳодияи методӣ: Омўзгор  ҳамчун узви иттиҳодияи методӣ  бояд дар  роҳи  баланд бардоштани дараҷаи тахассус  ва касбияти худ дар корҳои иттиҳодияи методӣ фаъолона иштирок намояд,  Фаъолияти омўзгор дар раванди амалӣ намудани нақшаи кори иттиҳодияи методӣ аввалиндараҷа буда, ташкил ва гузаронидани дарсҳои намунавӣ, ироаи маърўзаҳо дар мавзўъҳои  истифодаи методҳои гуногун оид ба дарс, озмун ва чорабиниҳои муассисавӣ ,иштирок  ба дарсҳои ҳамкасбон омили асосии андўхтани таҷрибаи корӣ барои васеъ намудани ҷаҳонбини дониши  омўзгор мегардад.

3) Омўхтани таҷрибаи пешқадами педагогӣ: Яке аз воситаҳои  баланд  бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон, омўзиши таҷрибаи пешқадами омўзгорони фаннӣ буда, дар баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии омўзгорон аҳамияти муҳим дорад.Омўзиш ва тавсеаи таҷрибаи пешқадами муаллимони навовар, навҷў ва эҷодкор дар муассисаҳои таълимӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият маҳсуб меёбад.

4) Иштирок дар конфронсу семинарҳои омўзишӣ барои беҳдошти ҷараёни кору фаъолияти омўзгор аз манфиат холӣ набуда, ба фаъолияти касбӣ таҳким мебахшад, чунки омўзгор бояд ҳамқадами замона бошад ва аз технологияи муосир фаъолона  истифода намояд. Ҳамчунин, конфронсҳо ва семинарҳои омўзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фаъолона иштирок намуда, кўлбори донишу маҳораташро ғанӣ гардонад.

5) Таҳсил дар курсҳои такмили ихтисос: Курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисос барои омўзгорон, мутобиқи нақшаи дурнамои муассиса барои сафарбар намудани омўзгор роҳандозӣ мегардад.Бо мақсади ноил гаштан ба дараҷаи тахассуси баланди педагогӣ омўзгорон дар муддатҳои муайян аз курс ва аттестатсия гузаронида мешаванд, баъд аз бомуваффақият гузаштан аз курсҳои бозомўзӣ соҳиби шаҳодатнома мегарданд. Таҳсил дар курсҳо барои омўзгор, шиносоӣ бо технология ва омўхтани методҳои муосир  ва истифодаи он дар раванди машғулиятҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти ў нақши муассир мебозад.

Хулоса, роҳ ва усулҳои  такмили ихтисоси омўзгорон барои баланд бардоштани  сатҳу савияи дониш, малакаву маҳорати  онҳо  мусоидат намуда, водорашон  менамояд, ки барои хуб  ва дар сатҳи баланд гузаронидани дарс аз андешаву пешниҳодҳои устодону омўзгорони пешқадам самаранок истифода намоянд.

Гулистон Собирова,

директори литсейи иқтисодии «Ҳилол»-и шаҳри  Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш