Нашрияи Омӯзгор

Ба чашми кам манигаред

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Таҳсилоти фарогир ё ба истилоҳ, инклюзивӣ таҳсилоте мебошад, ки он ҳамаи ниёзҳои хонандагонро ба инобат мегирад. Калимаи «инклюжни» аслан лотинӣ буда, маънояш фарогирӣ ё дарбаргирии ҳамагон мебошад. Таълими фарогир – таъмини омўзиши босифат ба ҳамаи омўзандагон, сарфи назар аз нажод, қавм, миллат, забон, ҷинс, синну сол, дин, мазҳаб, дороиву камбизоатӣ, солимиву беморӣ ва бар илова кўдакони дорои ҳар гуна маҳдудиятҳои ҷисмониву ақлонӣ мебошад.

Дар миқёси олам ба таҳсилоти фарогир созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, ЮНИСЕФ ва дигар ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо идораҳои давлатӣ саҳмгузорӣ мекунанд.

Бо вуҷуди корҳои зиёди дар ин самт анҷомдодашуда, дар ҷорӣ намудани таҳсилоти фарогир монеаҳо низ кам нестанд. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки кўдакони дорои маҳдудиятҳои ҷисмонӣ ва ақлониро ба таҳсил бо ҳамсабақони дигарашон ҷалб кардан номумкин аст.

Созмони байналмилалии ЮНИСЕФ ба модели ҳуқуқии таҳсилоти фарогир такя мекунад ва пайваста дар талоши ҳифзи ҳуқуқи кўдакон, махсусан, дар таҳсил мебошад. Ба ин ҳамаи кўдакон беистисно дохил мешаванд.

Вале ба як чиз бояд диққат дод. Дар бисёр маврид мо масъалаеро тарафдорӣ менамоем ва одатан дар табиати инсон чунин аст, чизе  ки ба нафъи шахсии худашон бошад, ў онро хуб дастгирӣ менамояд, вале агар коре ба нафъи мо набошад, ба он беэътиноӣ намуда, онро рад мекунем ва ё ба он муқобил мебароем. Аммо агар мо дар ҷои ашхосе, ки кўдаконашон дорои маҳдудият мебошанд, худамонро тасаввур кунем, ё худро дар ҷои худи кўдакон бигузорем, он гоҳ назари мо ба ин масъала дигар мешавад ва ба таҳсилоти фарогир муносибати дигар пайдо хоҳем кард.

ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳое, ки бо таҳсилоти фарогир сарукор доранд, далелҳоеро меоранд, ки онҳо афкори касро дар муносибат ба таҳсилоти фарогир тағйир медиҳанд. Махсусан, вақте ки мавод дар бораи модели ҳуқуқӣ – иҷтимоӣ таҳлил мегардад, он гоҳ ҳис хоҳем кард, ки дар бисёр маврид ҳуқуқи ҳам кўдакони муқаррарӣ ва ҳам дорои имкониятҳои  маҳдуд аз тарафи мо, калонсолон, поймол мегардад. Ҳатто дар бисёр маврид на танҳо ашхоси бегона ҳуқуқи ин кўдаконро ба инобат намегиранд, балки ҳатто волидони онҳо ин ҳуқуқро аз мадди назар дур меандозанд.

Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф (ФДҶТИБКСМ) дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ЮНИСЕФ чанд муддат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баъзе муассисаҳои таълимӣ санҷиш гузаронд. Мақсад аз ин санҷиш ба омўзгорон расондани кумаки методӣ дар амалӣ намудани таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таҳсилотӣ маҳсуб меёфт.

Раванди ин фаъолият, қабл аз ҳама, шинос намудани омўзгорон ва муассисаҳо  бо таҳсилоти фарогир ва дуруст амалӣ намудани он буд. Дарсҳои омўзгорон аз назар гузаронида шуда, боз ба онҳо фаҳмонда шуд, ки дар куҷо чӣ гуна онҳо талаботи таҳсилоти фарогирро ба инобат нагирифтанд. Онҳо ҳам ба тариқи назариявӣ ва ҳам ба тариқи амалия таҳсилоти фарогирро омўхтанд.

Таъсири таҳсилоти фарогир дар ин муассисаҳо хуб дарк шуда, дар ин самт қадаме пеш гузоштанд. Омўзгорон ва ҳатто шогирдон дар ин муассисаҳо ба моҳияти таҳсилоти фарогир расиданд. Мутаассифона, ин лоиҳа ба сабаби паҳн шудани бемории сироятии Ковид – 19 ва баъдтар низ идома дода нашуд. Шояд  ин муассисаҳои таълимӣ низ оҳиста-оҳиста он омўзишҳоеро, ки дар рафти семинару омўзишҳо ва дигар фаъолиятҳои амалӣ ба даст оварда буданд, аз даст доданд. Умедворем, ки ҷомеа боз ба таҳсилоти фарогир дар оянда диққати ҷиддитар хоҳад дод.

 

Дониш ДОНАЁРОВ,

корманди филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш