Нашрияи Омӯзгор

Қадами ҷиддӣ дар самти азхудкунии технология

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои рушди соҳаи маориф, маблағҳои зиёде  ҷудо менамояд.  Ҳамзамон, музди меҳнати кормандони соҳаи маориф тайи чанд соли охир чанд маротиба зиёд карда шуд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тараққии соҳаи маориф дар кишвар “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-ро барои солҳои 2020-2040  ба имзо расонданд.  Дар доираи  фармони Президенти мамлакат барои дар сатҳи зарурӣ таълим додани фанҳои дақиқ Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва дигар сохторҳои марбута супоришҳои зарурӣ гирифтанд.

Ба хотири боз ҳам хубтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои рушди тафаккури техникии насли наврас олимону ихтироъкорони ҷавон корҳои илмию техникиро барои рушди ин соҳа амалӣ намуда, илмҳои дақиқро босуръат рушд мебахшанд. Ҳоло мушоҳида мешавад, ки наврасони ихтиърокор дар ин самт корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд.

Қабул ва амалӣ намудани барномаҳои махсус дар самти рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, эълони озмунҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва баргузории онҳо заминаи мусоид барои рушди илмҳои дақиқро дар кишвар фароҳам месозад.

Дар ин замина Пешвои миллат барои боз ҳам ҳавасманд гардонидани сокинони мамлакат ва ба илму маърифат ҷалб сохтани онҳо, бахусус, ҷавонону олимон озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурўғи маърифат”-ро эълон намуданд, ки он маҳз барои рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ равона гардидааст.

Озмуни “Илм-фурўғи маърифат” барои рушди тафаккури техникии насли наврас, азхудкунӣ ва истифодаи техника ва технологияи нав дар соҳаи давлатдорӣ, идора намудани корхонаву ташкилотҳо бо технологияҳои нав заминаи мусоидро фароҳам месозад.

Шуҳратҷон АШРАПОВ,

 устоди коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

 ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш