Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» даҳ сол сипарӣ шуд. Қабули чунин як санади сарнавиштсози миллӣ таҷассуми сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас ва дар рўҳияи арзишҳои миллӣ ба камол расидани онҳо мебошад.
Қабули қонуни мазкур дар ҷомеа ислоҳоти ҷиддиеро, пеш аз ҳама, дар соҳаи илму маориф, фарҳангу маънавиёт ва иҷтимоиёту иқтисодиёт, на ин ки дар мафкура ва ташаккули насли худшиносу худогоҳ ва дорои ҷаҳонбинии солим ба миён овард, балки таконбахшу ҳидоятгари аҳли ҷомеа дар ба даст овардани муҳимтарин сармояи инсонӣ – маърифат гардид. Вазъи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таълимии ҷумҳурӣ рў ба беҳбудӣ оварда, сол аз сол ба соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.
Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» субъектҳои раванди таълиму тарбия – падару модар, омўзгор, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро барои тарбияи насли наврас дар рўҳияи арзишҳои милливу умумибашарӣ, инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд муваззаф намуд.
Рафти иҷрои қонуни мазкур дар давоми 10 сол самараи нек ба бор овард. Пеш аз ҳама, падару модар, омўзгорон мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро амиқан дарк карда, дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти ба зимма доштаашонро хуб эҳсос намуданд. Падару модар бо дарки ҳуқуқу масъулиятҳои ба зиммадошта вазифаҳои худро дар муҳайё намудани шароити мусоид барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва дар рўҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳамзамон, ҷиҳати беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи фарзанд, ба роҳ мондани робитаи мустақим бо омўзгорону муассисаҳои таълимӣ, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандўзии фарзандон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот хуб эҳсос намуданд.
Дар раванди татбиқи амалии қонуни мазкур падару модар уҳдадориҳои худро дар тарбия ва таълими фарзанд ба таври мушаххас дарк карда, муваззаф гардиданд, ки ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оварда, барои ба таълим фаро гирифтану бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намудани онҳо чораҳо андешанд ва ба таҳсили ў дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ монеъ нашаванд. Фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омўзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкориро ба роҳ монда, дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд. Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром карда, ба ташаккули шахсият, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, арзишҳои миллӣ, зиракии сиёсӣ ва ҷаҳони маънавии фарзанд ба таври ҳамешагӣ диққат диҳанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омўзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзандро танзим мекунанд, ба таври мушаххас уҳдадор намуд. Тибқи чунин уҳдадориҳо онҳо муваззаф шудаанд, ки ба раванди таълиму тарбия мусоидат карда, тарзи ҳаёти солимро таблиғ ва кўдакони болаёқатро дастгирӣ намоянд. Оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби кўдакон, ба мушоҳида расидани ҳолатҳои беэътиноии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин, дар сурати муайян шудани ҳолатҳои ба ҳаёт ва саломатии кўдак таъсири манфӣ расонанда ва ё таҳдидкунанда чораҳои амалӣ андешанд.
Раҷабалӣ Сангов,
Аълочии маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр