Нашрияи Омӯзгор

137 нусха китоби электронӣ

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 768        Шарҳ: 0

Вазъи ташвишовар

-Масъалаи ба интернет пайваст кардани муассисаҳои таълимии вилоят  беҳбудии ҷиддӣ  металабад, - мегўяд сардори раёсати маорифи ВМКБ  Одинашоҳ Мардов. То ба ин вақт 69  адади он аз тариқи модеми хурд ва 2-тояш бо модемҳои Wi-Max  ва Wi-Fi ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет пайваст шудаанду халос. Нишондиҳандаи истифодабарии компютер дар вилоят нигаронкунанда аст. Дар синфҳои 5-11-и вилоят 21321 нафар хонанда аз 3173 адад компютер истифода мебарад, ки ба 7 хонанда 1 компютер рост меояд.

 

 

-Китобхона дар ташаккули таҳсил ва ба хониши иловагӣ ҷалб кардани хонандагон нақши калидӣ дорад, - қайд кард ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев  М. Алимшоев.  Фонди умумии китобхонаи марказии донишгоҳро зиёда аз 93156 нусха адабиёт ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 21022 нусха китобҳои методӣ, 52190 нусха тахассусӣ, 19944 нусха китобҳои бадеӣ мебошанд.

Китобхонаи электронӣ дорои зиёда аз 137 ҳазор нусха китоб мебошад.

 

Ҷ. Қозибеков,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш