Нашрияи Омӯзгор

ДТТ мавқеи худро дар рейтинги ҷаҳонӣ 3734 зина боло бурд

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо нишондиҳандаҳои баландтарин аз рўйи натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2021 дар рўйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рўйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities дар ҷойи якум қарор гирифта, мавқеи худро миёни зиёда аз 31 000 донишгоҳи ҷаҳон 3 734 зина боло бурд. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон миёни зиёда аз 31 000 донишгоҳи ҷаҳон дар ҷойи 5983 қарор гирифт.

Рейтинги мазкур дар асоси пажўҳиши Шўрои миллии тадқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, нашр мегардад. Webometrics Rankingof Universities World, ки бо номи Ranking Webof Universities маъруф аст, системаи глобалии рейтинги донишгоҳҳо мебошад, ки вобаста ба якчанд нишондиҳанда, аз ҷумла, нашри тадқиқоти илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ (Scopus, Webofscience, Google Academy ва ғайра), иқтибоси беруна ба мақолаҳои илмӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии аспирантон ва татбиқи натиҷаи онҳо дар хориҷи кишвар, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, дарёфти патентҳои сатҳи байналмилалӣ ва фаъолияти сомонаи интернетӣ асос ёфтааст. Рейтинги мазкур дар асоси пажўҳиши Шўрои миллии тадқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, ҳамасола нашр мегардад.

Ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотӣ дар шабакаи ҷаҳонии Internet ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои илмӣ мебошад. Ташкилоти мазкур аз соли 2004 инҷониб рейтинги муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотиро муайян намуда, ҳар шаш моҳ -моҳҳои январ ва июл натиҷагирӣ ва нашр менамояд. Ёдовар мешавем, ки дар радабандии қаблӣ донишгоҳ дар мавқеи 9717 қарор дошт.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш