Нашрияи Омӯзгор

Ҷалби донишҷўён дар арзёбии  раванди сифати таҳсилот

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Раванди муосири таҳсилот ба ҷалби донишҷўён ба раванди кафолати сифати таҳсилоти олӣ аҳамияти хоса медиҳад. Созишномаи Болония муҳимияти рушд ёфтани ҳамкории байни мактабҳои олӣ, кормандону донишҷўёни онҳоро барои ноил гардидан ба мақсадҳое, ки барои эҷод кардани фазои аврупоии таҳсилоти олӣ гузошта шудаанд, таъкид месозад.

Иштироки донишҷўён дар низоми кафолати сифати таҳсилоти олӣ дар вазъи имрўза хусусияти ҳатмӣ дорад. Ақидаи таҳсилгирандагон доир ба фанҳо ва курсҳои таълимӣ, иштироки онҳо дар рафти қабул гардидани қарорҳо дар сатҳи мактабҳои олӣ, муаррифӣ намудани манфиатҳои худ дар иттиҳодияҳои донишҷўӣ ва дар дигар мақомоти бонуфуз – ҳамаи ин танҳо қисми начандон калони шаклҳои имконпазири таъсиррасонӣ ба донишҷўён дар он мактабҳои олие мебошад, ки сиёсати онҳо ба беҳдошт ва такомули раванди таҳсилот нигаронида шудааст.

Зимни баррасии низоми аврупоии кафолати сифати таҳсилот, бояд зикр кард, ки донишҷўён дар он ҳамчун унсури зарурӣ ва муҳимми низоми назорати сифати фаъолияти тамоми мактабҳои олӣ дар маҷмўъ баромад мекунанд.

Ҷалби донишҷўён ба расмияти кафолати сифат дар ҳудуди Аврупо ба таври гуногун амалӣ мегардад. Ин аз талаботи низомҳои миллӣ, нақши фарҳангиву таърихии донишҷўён дар соҳаи таҳсилоти олӣ вобастагӣ дорад.

Таҷрибаи ҷалбсозии дониш-ҷўёни Донишгоҳи политехникии Каталония ба фаъолият оид ба арзёбии кафолатҳои сифат зарурати тайёр кардани онҳоро барои кор дар агентиҳои гуногун доир ба арзёбии беруна нишон медиҳад. Сараввал донишҷўён ҳамчун истеъмолкунандагони асосии хизматрасониҳои таҳсилотӣ, ки барои баланд бардоштани сифати он дар навбати аввал манфиатдор мебошанд, баррасӣ мешуданд. Донишҷўён ба равандҳои дохили мактабҳои олии арзёбии сифат ҷалб карда мешуданд, ки ин дар иштироки бевоситаи онҳо дар машваратҳои донишҷўӣ, чорабиниҳо ва ассотсиатсияҳои онҳо ифода мегардид.

Донишҷўёни фазои аврупоӣ аз тарафи мақомоти беруна ба равандҳои дохили мактабҳои олӣ ҳамчун қисми кафолати сифати барномаҳои мактабҳои олӣ ҷалб карда мешаванд. Иштироки онҳо шаклҳои гуногуни расмиву ғайрирасмиро ба худ қабул мекунад.

Арзёбии фаъолияти мактабҳои олӣ аз тарафи донишҷўён индикатори муҳимми ноил гардидан ба натиҷаҳои матлубе мебошад, ки барои тартиб додани рейтингҳои нави муассисаҳои олии таҳсилотӣ ва фанҳои онҳо имконият фароҳам меорад. Дар рафти пурсишҳои миллии донишҷўён, ки дар кишварҳои зиёди аврупоӣ гузаронида мешаванд, ҳамчунин метавон соҳиби иттилооти арзишманд барои довталабон ва тарафҳои дигари манфиатдор дар бораи он, ки донишҷўён доир ба сифати таҳсилоташон чӣ фикр доранд, гардид.

Дар раванди рушд ёфтани таъмини низоми сифати аврупоӣ тарафҳои манфиатдор зарурати иштироки фаъолона ва пурраи донишҷўёнро дар ҳамаи ҷабҳаҳо, арзёбии беруна ва дохилии фаъолияти мактабҳои олиро ҳамчун аъзои комилҳуқуқи мақомоти дахлдор маъқул донистанд.

Таърихи расмии раванди Болони дар Россия аз тарафи В. М. Филиппов дар соли 2003 аз номи Россия имзо гардидани эъломияи Болони оғоз гардид.

Дар марҳилаи имрўза шарти таъсис додан ва ба амал даровардани низоми таъмини сифати таҳсилот дар мактабҳои олии тоҷик аз ошкор намудани талабот ва умедҳои истеъмолкунандагон, арзёбии дараҷаи мувофиқати ин талабот ба нишондиҳандаҳои фаъолияти мактабҳои олӣ ва арзёбии сатҳи қаноатмандии ҳамаи гурўҳҳои истеъмолкунандагон иборат аст.

Тавассути пурсишҳои мунтазам гузаронидашаванда мактабҳои олӣ метавонанд мониторинги иттилоотеро, ки ба қабули муассисаи таълимиашон аз тарафи донишҷўён ва сифати раванди таълимӣ дар он вобастагӣ дорад, гузаронанд. Намуди аз ҳама бештар истифодашавандаи пурсиш - ин анкетагузаронӣ мебошад. Он яке аз тарзу усулҳои мустақили арзёбии сифати таҳсилот бо чашмони донишҷўён мебошад.

Масалан, пурсиши донишҷўён дар як сол як ё ду маротиба доир ба арзёбии муносибатҳои дутарафа бо устодон баргузор шуда, анкета анонимӣ, яъне, махфӣ аст ва аз ин сабаб, метавонад барои мониторинги сифати таълими фанҳо маълумоти хуб пешкаш намояд. Мувофиқи талаботи аврупоӣ, пурсиши донишҷўён – хатмкунандагон доир ба сифати таълими ин ё он фанни таълимӣ пас аз супоридани имтиҳоноти давлатӣ баргузор мешавад. Ҳосилшавии таъсири мутақобила бо донишҷўён дар шакли ҷавобҳо ба саволҳои анкета ба усули васеъ татбиқшаванда табдил ёфта, ин таъсири мутақобила зимни коркарди барномаҳои таълимӣ ба назар гирифта мешавад.

Нуқтаи назари донишҷўён, инчунин, зимни арзёбии сифати соҳаи педагогии фаъолияти устодони мактабҳои олӣ низ аҳамиятнок аст, зеро маҳз донишҷўён дар шахсияташон таъсири онро эҳсос мекунанд ва дар раванди таҳсил ҳамшарикони онҳо мебошанд.

Гарчанд анкетаҳо барои ба даст овардани таъсири мутақобила торафт бештар кор фармуда шаванд ҳам, онҳо универсалӣ нестанд.

Дар шароити муосир ҳуқуқи калидии донишҷўён – ин ҳуқуқи гирифтани маълумоти босифат аст. Ва худи донишҷўён бояд ин ҳуқуқро ҳимоя карда, аз ҳар ҷиҳат инкишоф диҳанд.

Ҳамин тавр, дар марҳилаи имрўзаи рушд ёфтани низоми кафолати сифати таҳсилот донишҷўёни тоҷик ба иштироккунандагони комилҳуқуқи идоракунии раванди таълимӣ табдил ёфтаанд. Онҳо ба кор оид ба арзёбии сифати хизматрасониҳои таҳсилотӣ ҷалб карда шуда, барои муайян кардан ва ҳал намудани мушкилоти дар раванди таълимӣ, дар фаъолият ва ҳаёти донишгоҳ ошкоргардида дар ҳамкорӣ бо маъмурияти мактабҳои олӣ имконият доранд.

Тавре ки таҷрибаи аврупоӣ ва россиягӣ нишон медиҳад, чӣ қадаре ки донишҷўён дар арзёбии кафолати сифати таҳсилоти олӣ фаъолона иштирок намоянд, ҳамон қадар натиҷаҳои баланд бардоштани сифати таълим аёнтар мегарданд. Ҷалбсозии таҳсилгирандагон ба арзёбии сифати раванди таҳсилот ба ҳамшарикии боэътимод ва боваринок табдил ёфта истодааст.

И. С. Зубкова,

менеҷери лоиҳаи «Ҷорӣ намудани стандартҳои аврупоии кафолати сифат дар барномаҳои таълимии ДСРТ»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш