Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф семинар - машварати ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши кабинетҳои методӣ дар такмили маҳорати касбии омўзгорон ва сифати таҳсилот» баргузор гардид. Дар семинар- машварат мудирони кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, омўзгорони таҷрибаманд, пажўҳишгарон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии семинар инъикоси нақши кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисоси омўзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, табодули таҷрибаи мудирони кабинетҳои методӣ ба шумор мерафт. Дар оғоз дар мавзўъҳои «Нақши такмили ихтисоси омўзгорон дар системаи таҳсилоти миллӣ: дастовард ва мушкилот», «Рисолати сарварӣ дар муассисаи таълимӣ», «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат Рушди мунтазами касбии омўзгорон: дастовард ва дурнамо», «Такмили ихтисоси омўзгорон ва заминаҳои меъёрию ҳуқуқии он» ва ғайра маърўзаҳои кормандони ДҶТИБКСМ шунида шуд.
Дар семинар - машварат байни иштирокдорон дар масоили ҳолати фарогирии омўзгорону кормандони соҳа дар курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ ва иҷрои нақшаи иштирок дар курсҳо аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф, нақши меҳварии Шўрои методӣ дар баланд бардоштани сатҳи касбии омўзгорон, фаъолияти методистони раёсату шуъбаҳои маориф ва кабинетҳои фаннӣ дар рушди фанҳои табиӣ-риёзӣ ва гуманитарӣ нақши иттиҳодияҳои фаннӣ ва кабинетҳои методӣ дар баланд бардоштани маҳорати касбии омўзгорон, талабот ба ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи омўзгорӣ ва иттиҳодияҳои методӣ ҳамчун мақомоти тавсиядиҳанда дар муассисаҳои таълимӣ ва амсоли инҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр