Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Балҷувон Шералӣ Ҷалилзода зикр намуд, ки ба ифтихори 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифи ноҳия азнавсозии 21 адад муассисаи таълимӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар соли 2019 бинои нави се филиали муассисаи таълимӣ, ки дар хонаҳои шахсӣ қарор доштанд, сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 8 муассисаи таълимӣ ва 12 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №9 ва №20 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ноҳия бинои муассисаҳои таълимии №№ 4,5,11,18,24,25 ва 26 дар ҳолати таъмирталаб қарор дошта, ба азнавсозӣ ниёз дорад. Дар соли 2021 480 нафар хатмкунандаи синфи 11 аз қайди ММТ гузаштаанд, ки 78,9%-ро ташкил мекунад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи нақша аз 178 адад компютер 136 адад харидорӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2020 78 адад зиёд мебошад. Дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ 725 нафар толибилм ширкат варзида, соҳиби 36 ҷойи ифтихорӣ дар вилоят гардиданд.
Дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» 10 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, 1 нафар бо сипосномаи раиси вилоят ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр