Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ бо 126 донишгоҳи байналмилалӣ

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Донишгоҳи мо моҳи майи соли 2018 шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ дар сатҳи маълумоти умумӣ (ибтидоӣ, асосӣ ва миёна)-ро барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соҳиб шуд, - гуфт дар оғози нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон Нуралӣ Солиҳов ва афзуд, ки худи ҳамин сол донишгоҳ ба гирифтани шаҳодатнома дар хусуси аккредитатсияи давлатӣ дар тамоми самтҳои таҳсилоти олӣ (бакалавриат, тахассусшиносӣ, магистратура ва омода намудани мутахассисони тахассусашон олӣ) ноил гардид. Ба тасдиқи Н.Солиҳов, феълан дар донишгоҳ 59 доктори илм ва 163 номзади илм ба донишҷӯён аз фанҳои гуногун машғулият мегузаронанд. Дар соли таҳсили 2017-2018 донишгоҳро 1536 донишҷӯ хатм карданд.  Устодони донишгоҳ, ки аксаран олимону муҳаққиқони шинохтаанд, корҳои илмию таҳқиқотии худро дар самти физикаю химия (таҳқиқи полимерҳо ва истифодаи онҳо дар бахши саноати ҷумҳурӣ, истифодаи биотехнологияи навтарин дар шароити тағйирёбии иқлим, татбиқи методҳои сифатан баланди пажӯҳиши баробариҳои дифференсионалӣ, таҳқиқи махсусиятҳои равандҳои ҷаҳонишавӣ дар самти иҷтимоӣ – гуманитарӣ (назария ва таърих), дурнамои рушди қонунгузории милли Тоҷикистон ва проблемаҳои алоқамандии он  бо ҳуқуқҳои байналмилалӣ ва ғайра ба таври судманд ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноили гардиданд. Дар байни солҳои 2017 – 2018 дар донишгоҳ бо маблағгузорӣ аз буҷаи кишвар 20 кори илмӣ – таҳқиқотӣ роҳандозӣ карда шуд. Айни ҳол дар муассиса Шӯрои илмӣ дар бахши ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ амал мекунад.

Дар масъалаи робитаҳои ҳамкории донишгоҳ сухан ронда, ректор зикр намуд, ки муассиса 126 шартномаи ҳамкориро ба мамолику кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, 21 созишнома дар тӯли шаш моҳ бо мамлакатҳои Словения, Хитой, Беларус, Қазоқистон ва Россия ба тасвиб расондааст. Ҳамзамон, робитаю ҳамкориҳои илмию амалии донишгоҳ бо 9 созмони байналмилалӣ равнақ меёбад.

Фаъолияти илмию таҳқиқотии донишҷӯён низ хуб ба роҳ монда шудааст. Таври мисол, то ин дам 4 лоиҳаи илмии донишҷӯён татбиқи амалии худро ёфтанд.

Роҳбарияти донишгоҳ ба масъалаи ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию адабӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Ҳамчунин, озмунҳои гуногун, аз қабили «Рӯзноманигори сол», «Беҳтарин рӯзноманигори нашрияҳои даврӣ» «Беҳтарин журналисти радио», «Журналисти касбӣ», «Оператор ва танзимгари сол» (дар садо ва симо) дар сатҳи баланд гузаронида шудаанд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш