Нашрияи Омӯзгор

Таъсиси 8 муассисаи томактабӣ

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло қайд кард, ки  дар соли хониши 2020-2021 фаъолияти  муассисаҳои таълимии ноҳия назаррас буда, сифати таҳсилот ва донишандўзии хонандагон нисбат ба солҳои қаблӣ  баланд гардидааст. Дар соли сипаригардида 220 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия  дар озмунҳои вилоятӣ ширкат варзида, 124 нафарашон сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ 63 нафар довталаби ғолиби даври вилоятӣ ширкат варзида, сазовори 33 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Як нафар хатмкунандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро  бо медали тилло хатм намуд, ки ин яке аз дастовардҳои беҳтарини соҳаи маорифи ноҳия мебошад.

Дар соли сипаригардида сохтмони 148 синфхонаи иловагӣ бо фарогирии 8010 ҷойи нишаст дар ду баст  анҷом дода шуд. Инчунин, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатманд сохтмони 45 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ  бо фарогирии  1350 ҷойи нишаст дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Айни ҳол таъмири  муассисаҳои таълимӣ идома дошта, 94%-и онҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаст.

Тайи се соли охир  таъсиси муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия хеле рушд ёфта, теъдоди  онҳо ба 8 адад расонида шуд. Бояд қайд намуд, ки барои бештар фаро гирифтани кўдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ 67 маркази инкишофи кўдакон бо фарогирии 2761 нафар  кўдак дар 107 гурўҳ фаъолият доранд.

Шариф  АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш