Нашрияи Омӯзгор

Коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кўлоб Абдулқодир Вализода   иттилоъ дод, ки  дар шаҳру деҳот 15 лоиҳаи инвеститсионии мутамарказ дар соҳаи маориф, коммуналӣ ва кишоварзӣ татбиқ шуда истодааст. Мавсуф, ҳамзамон, афзуд, ки  дар шаҳру деҳоти Кўлоб 10 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1288 нафар кўдак наврас  ба тарбия фаро  гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр 41 гурўҳи инкишофи барвақтии кўдак бо фарогирии 1057 нафар кўдак ташкил гардиданд, ки 13%-и фарогирии кўдаконро ба муассисаҳои томактабӣ ташкил мекунад.

Дар шаҳру деҳоти Кўлоб 7  муассисаи таълимӣ дар ҳолати таъмирталаб қарор дошт. Сол то сол сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кўлоб  вусъат   ёфта,  шурўъ аз соли 2018 барои 3 ҳазор нафар хонанда муассисаҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таълимии №№ 17,21,36 ва 39, ки дар ҳолати ногувори садамавӣ қарор доштанд, сохтмони 16 синфхонаи  иловагӣ бо тариқи ҳашар ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Шариф  АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш