Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси ноҳия Холзода Бобишоҳ Нарзулло оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод дар нимсолаи аввали соли 2021 гузориш дода, аз ҷумла, қайд кард, ки дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 19, 30 ва 45 синфхонаҳои иловагӣ ва дар деҳаҳои Шукурӣ, Дараи Алов биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ сохта шуда истодаанд, ки дар арафаи соли нави таҳсил мавриди истифода қарор мегиранд. Инчунин, дар шаҳраки Файзобод сохтмони як муассисаи хусусии томактабӣ ва дар назди муассисаҳои таълимии №31, 42, 58 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, корҳои сохтмонӣ дар бинои нави шуъбаи маориф оғоз гардид.
Дар ин давра 130 нафар навраси ноҳия дар басти якуми лагери истироҳатии «Дурахшон» ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.
Дар ноҳия даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он 170 нафар хонанда иштирок карда, 17 нафар барои иштирок дар даври минтақавии озмун роҳхат гирифтанд.
Ҳокими Сафар,
ноҳияи Файзобод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр