Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкориҳои судманд

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси кумита,  доктори илмҳои филологӣ Олимҷон Муҳаммадҷонзода қайд кард, ки кумита баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» - ро ба роҳ мондааст.

Бино ба иттилои О. Муҳаммадҷонзода кумита дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба 51 санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби бахши экспертизаи забоншиносӣ ба 19 маводи  судӣ хулосаи забоншиносӣ пешниҳод карда шудааст. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳот 61500 истилоҳ (се луғатнома, 17 барномаи таълимӣ, чор маводи таҳлилию дастурамал) мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Раиси кумитаи мазкур вобаста ба масъалаҳои дигари марбут ба соҳа бо кормандони воситаҳои ахбори омма гуфтугў намуд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш