Нашрияи Омӯзгор

5 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Муовини  якуми директори  филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, номзади  илми  педагогӣ  Акрам  Додоҷонов тазаккур дод, ки муассиса бо лабораторияҳои замонавӣ, синфҳои компютериву лингофонӣ, ошхонаи ҳозиразамон, китобхонаи чопӣ таъмин мебошад.

Бино ба иттилои А.Додоҷонов, дар ин муассиса донишҷўён  қариб аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Як мушкилии муҳим он аст, ки хобгоҳ вуҷуд надорад, вале  ин масъала дар ҳамкорӣ бо маъмурияти   ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ  ҳалли худро ёфт.

Масъалаи таҷрибаомўзӣ самаранок мегузарад. Шогирдон дар корхонаҳои «Барқи тоҷик», НБО-и «Роғун», «Норак», «Варзоб»  ва ғайра таҷриба меомўзанд. Ба ин маънӣ, барои дарёфти ҷойи кор мушкилот вуҷуд надорад. Имсол филиали донишкадаро панҷ нафар бо дипломи аъло хатм карданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш