- Ба донишгоҳ табдил додани донишкада талаботи худро дорад, ки ба ин ҳадаф наздик шудаем, - гуфт ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кўшониён Диловаршоҳ Исозода дар нишасти хабарӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар умум, 143 нафар омўзгор дар донишкада фаъолият доранд, ки 43 нафарашон дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд. Омўзгорони ҷавони донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорони ҷавон», ки миёни муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид, ҷойи дуюмро ишғол карданд. Соли ҷорӣ донишкадаро 513 нафар донишҷўю магистрант хатм намуданд.
Намояндагони васоити ахбори омма оид ба тағйироти кадрӣ, ҷалб ва норасоии омўзгорони тахассусманд, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, ҷамъоварии маблағи таъмир, пардохти рухсатпулии омўзгорон, таҷрибаомўзии донишҷўён, ба кор таъмин намудани хатмкунандагон ва талабот ба кафедраи ҳарбӣ суолҳо пешниҳод карданд.
С. АЗИЗЗОДА
Иловакунӣ
Иловакунии фикр