Нашрияи Омӯзгор

Мушкилотро ҳал бояд кард   

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

        

Дар нишасти матбуотие, ки раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Зафар Гулзода бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор кард, гуфт, ки дар ним соли аввали соли 2021 сохтмони 2 муассисаи таълимӣ барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст идома ёфта, оғози сохтмони 2 муассисаи таълимӣ барои 500 ҷойи нишаст дар ду баст  ва бинои шуъбаи маорифи ноҳия давоми соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки барои таъмини либосҳои мактабӣ, шуъбаи маориф бо корхонаҳои дўзандагии Агентии таъминоти махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, коргоҳи дўзандагии « Дилрабо» ва коргоҳи дўзандагии «Шоҳон» барои 5445 ҷуфт либоси мактабӣ шартнома баста, то имрўз 85%-и шартнома  иҷро шудааст. Ҳамчунин, раиси ноҳия қайд намуд, ки нарасидани мактабҳои замонавӣ, мизу курсиҳо, маблағгузорӣ нашудани барномаҳои давлатӣ ва нарасидани муаллимони фанни забон аз мушкилоти соҳа хориҷӣ  мебошад.      

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш