Муовини аввали раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ М.Орифзода дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар соли таҳсили 2020-2021 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои вилоятӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 76 медал гардиданд ва ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 19 нафар роҳхат гирифтанд. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ бошад, 9 нафар хонандаи синфи 11 ширкат варзида, соҳиби 1 медали нуқра ва 8 биринҷӣ гаштанд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ 127 нафар хонанда ширкат намуда, сазовори 6 медали тилло, 7 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ шуданд. Соли ҷорӣ 17 нафар хонандаи беҳтарин тибқи озмуни квотаи Президентӣ барои таҳсил дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр