Нашрияи Омӯзгор

35,7 миллион сомонӣ ба соҳаи маориф

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ноҳияи Данғара Ҷамшед Шарифзода  иброз дошт, ки дар 84 муассисаи таълимии ноҳия 2123 нафар омўзгор ба таълиму тарбияи 41516 нафар хонанда машғул мебошанд. Дар ин давра ба соҳаи маориф 35,7 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ шуд, ки нисбат ба  соли 2020  10,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ - техникӣ муассисаҳои таълимии ноҳия тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимиро вусъати тоза бахшидем. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ 37 муассисаи таълимии нав ба нақша гирифта шудааст.

Дар даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби 118 медал гардиданд, ки ин нишондиҳанда дар сатҳи ҷумҳурӣ дар ҷойи дуюм ва дар вилоят дар ҷойи якум мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки  то ба имрўз бо ибтикории шуъбаи маориф ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ  37  кабинети фаннӣ бо арзиши 176 ҳазор сомонӣ таҷҳизонида шудааст. Айни ҳол дар назди муассисаҳои таълимии   ноҳия 172 адад кабинети фанҳои табиатшиносӣ, технологияи иттилоотӣ ва суруд фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар назди 33 муассисаи таълимӣ озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фанҳои химия ва физика фаъолият карда истодааст, ки  пурра барои гузаронидани корҳои амалӣ ва лабораторӣ омода ҳастанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш