Нашрияи Омӯзгор

21 патенти омўзгорону донишҷўён

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотӣ  ҷонишини  директори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб Алмосшоҳ Шоев   қайд  намуд, ки  донишкада яке аз аввалин муассисаҳои таълимии олии касбӣ мебошад, ки дар минтақаи Кўлоб мутахассисони соҳаи саноату  хоҷагии қишлоқро  тайёр менамояд. Алҳол, дар донишкада 2778 нафар донишҷў дар 5 факулта аз рўи 35 ихтисос таҳсил менамоянд. Соли 2021 дар донишкада се озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ - «Биотехнология ва технологияи маҳсулоти бебофт», «Физика» ва «Химияи аналитикӣ» кушода шуд, ки ба баланд шудани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ мусоидат  менамояд.   Донишкада дорои 9 кабинети компютерӣ бо 220 адад компютер муҷаҳҳаз ва 24 тахтаи электронӣ мебошад. А. Шоев  зикр намуд, ки бо инобат гирифтани мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия дар донишкада  боз 5 ихтисоси нав кушода шуд. Ҳоло омўзгорону донишҷўён 21 патент ва ихтироот ба даст оварда, аз рўи 48 лоиҳаи фармоишӣ  тадқиқоти илмии худро амалӣ мегардонанд.   Имрўз донишкада бо 65 муассисаи олии хориҷи кишвар  ҳамкорӣ дорад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш