-Аз оғози муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Чин 25 сол сипарӣ гашт. Дар тӯли ин солҳо аз ҷониби ҳар ду кишвар талошҳои зиёд барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм ба анҷом расиданд,-қайд гардид, дар вохӯрии дуҷонибаи роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи бурсиявии Ҷумҳурии мардумии Чин, ки 23 – юми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм баргузор гашт.
Зимни вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо муовини раиси котиботи бурсиявии Чин Петер Ванг Шенганг, ки масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои байни Тоҷикистону Чинро дар соҳаи маориф матраҳ намуданд, ишора гардид, ки дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии мардумии Чин беш аз 3000 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд. Дар соли таҳсили 2017-2018 Ҷумҳурии мардумии Чин агар барои донишҷӯёни тоҷик наздик ба 300 бурсия барои зинаҳои гуногуни таҳсил ҷудо намуда бошад, пас соли таҳсили 2018-2019 зиёда аз 350 бурсия ҷудо намудааст, ки ин аз тавсеаи муносибати дуҷонибаи дӯстона ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ ду маркази илмию фарҳангии Конфутсий-дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Дар онҳо хоҳишмандон забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои халқи Чинро меомӯзанд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки минбаъд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф ва илм боз ҳам густариш меёбанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр