Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти назаррас

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ фаъолияти худро ба хотири амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ равона карда, дар баргузории ҷашнҳои давлатӣ ва байналмилалӣ саҳми худро гузошт.  Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватаниву хориҷӣ  вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки аз 12 май то 26 июни соли ҷорӣ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон,  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид.

Бино ба иттилои вазир, айни замон дар ҷумҳурӣ 7088 муассисаи фарҳангӣ, (ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнўъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр) ба қайд гирифта шудааст. Аз 6084 китобхона 4578 - тои он ба китобхонаҳои соҳаи илму маориф марбут аст.

Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз се ҳазор ёдгории таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди мазкур ниҳоӣ набуда, бо бозёфт гардидани объектҳои навкашфшуда миқдори онҳо низ афзоиш хоҳад ёфт. Дар ҳамин самт вобаста ба таҷлили ҷашни сисолагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри дуюми китоби «Феҳристи  ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати корбарӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо омодаи чоп аст.

Рўзноманигорон, ҳамчунин, доир ба дигар паҳлуҳои  фаъолияти соҳа саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.       

Ҳотами ҲОМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш