Нашрияи Омӯзгор

Санҷиши сифати таҳсилот дар 499 муассисаи таълимӣ

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори он Шоҳин Саидзода доир ба фаъолияти кормандони ниҳоди мазкур дар шаш моҳи аввали соли равон зикр намуд, ки дар ин муддат 6 мушовараи агентӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаи аттестатсияву аккредитатсия  иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ таъсис ёфт, ки аз ҷониби агентӣ ба ин муассисаҳо иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шуд. Ҳамчунин, дар ин муддат ташхиси иҷозатномадиҳии ихтисосҳои нави муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ, марказҳои забономўзӣ, курсҳои ронандагӣ ва марказҳои инкишофи кўдак, дар маҷмўъ, 142 ташхиси иҷозатномадиҳӣ гузаронида шуд. Дар 499 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 441 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 муассисаи таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта (литсейю гимназия), 20 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ санҷиши сатҳи сифати таҳсилот ва аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд.

Ш.Саидзода афзуд, ки дар раванди санҷишҳо муайян гардид, омилҳои асосии паст рафтани сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ норасоии омўзгорони соҳибкасб, ба талаботи рўз  ҷавобгў набудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ мебошад. Дар таълимгоҳҳо теъдоди омўзгорони ғайрикасбӣ, ғайриихтисос ва норасоии омўзгорони ихтисосманд  ба назар мерасад. Дар ҷараёни санҷишҳо муайян гардид, ки имрўз ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нарасидани омўзгорони соҳибтаҷрибаву унвондор ва дараҷаи илмидошта, мустаҳкам набудани пояи моддӣ-техникӣ, ба талабот ҷавобгў набудани фаъолияти кафедраю факултаҳо, паркҳои технологӣ, ба корҳои илмӣ кам ҷалб гардидани омўзгорон ва амсоли инҳо ба назар мерасанд.

Директори агентӣ дар идома дар хусуси фаъолияти паркҳои технологӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои  кишвар ва масоили кор бо кадрҳо, баробарарзишӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ иттилоъ дод. Таъкид гардид, ки   ба шуъбаи кор бо кадрҳо, баробарзишӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ 256 ҳуҷҷат ворид гардида, 87 ҳуҷҷат бо фармоиши директори агентӣ баробарарзиш ва эътироф карда шудааст.                                                            

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш