Нашрияи Омӯзгор

Мулоқоти вазирони кишварҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

 

30-юми июли соли равон  вохўрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов, вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ўзбекистон Шерзод Шерматов ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев аз тариқи онлайн баргузор гардид.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамтоёни худ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Қирғизистон масоили татбиқи лоиҳаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистонро бо мутахассисони педагогии Федератсияи Россия, ҳамкорӣ дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, омодасозии мутахассисони варзида ва табодули таҷрибаи омўзгорон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистонро баррасӣ карданд.

М. Имомзода аз ҳамкории муштараки ҷойдошта бо кишварҳои фавқуззикр изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки роҳандозии чунин мулоқотҳо барои табодули таҷриба ва ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат хоҳад кард.

- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди синфҳои таълимашон бо забони русӣ беш аз 3150 адад буда, дар 5 мактаби олӣ аз рўйи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус мутахассис омода мешавад. Дар баробари ин, 160 маркази омўзиши забони русӣ фаъол буда, талабот ба китобҳои дарсии забони русӣ зиёд мебошад. Соли равон Тоҷикистон барои ба таълим фаро гирифтани 54 нафар омўзгори рус ба Ҳукумати ин кишвар дархост пешниҳод кардааст ва ба хотири вусъат бахшидани  омўзиши забони русӣ мунтазам миёни муассисаҳои таълимӣ озмунҳо гузаронида мешаванд, – таъкид кард М. Имомзода.

Вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов, вазири маорифи халқи Ҷумҳуриҳои Ўзбекистон Шерзод Шерматов  ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев ба сатҳи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Зимни суҳбати вазирон қарор шуд, ки ҳар се моҳ чунин вохўрӣ сурат гирифта, ҷиҳати ҳалли проблемаву мушкилоти ҷойдошта мубодилаи афкор сурат мегирад.

Ҳамчунин, пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси эълони озмуни беҳтарин мактабҳои русӣ дар давлатҳои иштирокчӣ ҳозирин хуш пазируфтанд.

Дар охир М. Имомзода ҳамтоёни худро ба Анҷумани 6-уми омўзгорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябр баргузор мегардад, даъват намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни суҳбати онлайнӣ сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷўразода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иштирок карданд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш