Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масъалаҳои муҳим

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Дар толори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илм, Диловар Қодирзода муовини вазири маориф ва илм, Хушбахт Шарифзода - сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзўр намудани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавируси Ковид-19, инчунин, ҷалби донишҷўёну кормандон ва сокинони пойтахт ба гирифтани ваксинаи зидди бемории коронавирус  ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст М. Имомзода доир ба рафти корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз ва таҷлил намудани ҷашни  фархундапай  бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.  

      Ҳамзамон, роҳбарияти муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавируси Ковид-19 корҳои тарғиботиро пурзўр намуда, донишҷўён, омўзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимиро ба гирифтани ваксинаи зидди бемории коронавируси Ковид-19 ҷалб намоянд.

Сипас, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Х.Шарифзода зикр кард, ки то имрўз зиёда аз 45% аҳолии пойтахт ваксина гирифтанд ва бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа бояд тамоми сокинони кишвар бо ваксина фаро гирифта шаванд. Таъкид бояд кард, ки пас аз гирифтани ваксина сироятёбӣ ба ин беморӣ дар шаҳр ду баробар коҳиш ёфтааст, ки ин албатта, натиҷаи хуб мебошад. 

Дар интиҳо доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш