Нашрияи Омӯзгор

Кўдакистони “Меҳросо” дар Хуҷанд

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

30-юми июли соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд кўдакистони “Меҳросо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин муассисаи томактабӣ, ки барои 200 нафар кўдаки ятиму бепарастор пешбинӣ шудааст, дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эҷод-2013” мебошад.

Ба Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар кўдакистони хусусии “Меҳросо” кўдакони ятиму бепарастор ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Сарпарастии ин кўдакистонро муассисони ширкати “Таҷпроф” ба зимма гирифтаанд.

Масоҳати умумии иншоот 1700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ҳафт утоқи ҷойи хоб барои кўдакон, 7 ҳуҷра барои таълиму тарбия, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона ва толор барои машғулиятҳои мусиқӣ иборат мебошад.

Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кўдакон дар саҳни бино 7 айвончаи тобистона ва ду майдончаи бозӣ барои тарбиятгирандагон бо тамоми шароит бунёд шудааст.

Дар умум, ин муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кўдакистони навбунёд, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкорон хуш истиқбол намуда, онро намунаи олии ватандорӣ ва рисолати хуби инсондўстӣ донистанд.

Бунёди чунин иншооти нави соҳаи маорифро Сарвари давлат ба кўдакони хуштолеъи маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзанда дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса равона шуда, бо бунёду ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ кўдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Айни замон дар вилояти Суғд 280 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки аз ин 48-тои он ба шаҳри Хуҷанд рост меояд. Дар ин кўдакистонҳо наздики 45 ҳазор нафар кўдак ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди кўдакистон дар вилояти Суғд 8 адад зиёд гардидааст.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кўдакистони навбунёд бо кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, онҳоро вазифадор намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи дўстрўякон дар рўҳияи ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ масъулияти дучанд ҳис намоянд. Ҳамзамон, супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба масъалаи бунёди кўдакистонҳои наву замонавӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш