Нашрияи Омӯзгор

Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятими кулл

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

 

29-уми июли соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Қасри “Сомониён”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба рушди ҳамаҷонибаи деҳот мусоидат намуд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон Мақсудҷон ва Мансурҷон Раҳмоновҳо бо харҷи зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Қасри “Сомониён” бо тарҳу намои зебо сохта шуда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар тарабхонаи барҳавои иншооти нав бунёдшуда Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бўстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Зафаробод мулоқот намуданд.

Қобили зикр аст, ки Пешвои раиятпарвари тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориашон нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону кўдакони бепарастор бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўдаконро бо фарорасии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният намуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус, ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дўши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо, барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад. Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омўзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.

Дар ин рўз 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз меҳрубониву ғамхории падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархўрдор гардиданд. Ба ятимон туҳфаҳои моддиву пулии Сарвари давлат тақдим шуд.

Маҳз натиҷаи сиёсати инсондўстонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз фарзандони аз оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарастор аз имтиёзҳо бархўрдор гардида, дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар асоси ғамхориҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимону фарзандони оилаҳои ниёзманд бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин ва аз саодати оилавӣ бонасиб гардида, бо шукргузорӣ аз ин давлати ободу озод кору зиндагӣ доранд.

Кўдакони ятим, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гардида, имрўз зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд, ба Президенти мамлакат, муҳратам Эмомалӣ Раҳмон самимона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар оянда муассисаҳои олиро бо донишу интизоми намунавӣ хатм мекунанд ва дар иҷрои рисолати фарзандии худ кўшиш ба харҷ медиҳанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш