Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар Шаҳристон

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

28-уми июли соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-ро, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ва таҳсили хонандагон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бо маблағи наздики 14 миллион сомонӣ дар заминаи иншооти солҳои зиёд дар истифодабудаи муассисаи таълимӣ сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида, иншоотро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Куркат” анҷом додаанд.

Бинои асосии муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 24 синфхона, синфхонаҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир  шудааст ва дар он барои таҳсили 1240 нафар хонанда дар ду баст шароит фароҳам гардидааст.

Таъкид бояд намуд, ки ҳамасола бо афзоиши аҳолӣ шумораи хонандагон дар ноҳияи Шаҳристон меафзояд ва талабот дар ин муассиса ба ҷойҳои нишаст зиёд мешаванд.

Бинои дуюм аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона барои 120 нафар ва дар ошёнаи дуюм толори маҷлис бо 240 ҷойи нишаст ҷойгир  шудааст. Ҳамчунин, барои муассиса толори варзишии замонавӣ бунёд гардидааст. Саҳну ҳудуди ин боргоҳи таълимӣ обод шуда, бо шинонидани дарахтони ороишию гулҳои мавсимӣ зебою назаррабо гардидааст.

Синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва утоқҳои корӣ бо маводу лавозимоти муосир, аз ҷумла, мизу курсиҳои нав, ҷевонҳо, тахтаҳои электронӣ, маҷмўи компютерҳо, аёнияту дигар таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар муассиса баҳри омўзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, баргузории машғулиятҳои иловагӣ, маҳфилҳои фаннию рўзгордорӣ шароити мусоид фароҳам гардида, китобхона, махзани китобҳои дарсию бадеӣ барои азхудкунии дарсҳо ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти насли наврас имкониятҳои васеъро доро мебошанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоию суҳбат бо хонандагону омўзгорон ва волидайн бунёди чунин муассисаи нави зебою замонавии таълимиро идомаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои арзандаи таълиму тарбияи фарзандон арзёбӣ намуданд ва ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ, омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат аз ҳадафҳои асосии давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

Бунёди бинои хуштарҳу лоиҳавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Омўзгорону сокинони ноҳияи Шаҳристон аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандию сипос намуда, изҳор доштанд, ки бо истифода аз чунин имкониятҳо сифати таълиму тарбияро баланд бардошта, дар таълиму ба камол расонидани насли наврас ҳамаи нерую дониш, маҳорату таҷрибаи хешро равона месозанд, то фарзандон бо донишу маърифат ва дар рўҳияи ватандўстӣ ба воя расанд.

Бояд таъкид намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, дар таҳкими пояҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ тадбирҳои зиёд амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, дар ин давра дар ноҳия биноҳои 15 муассисаи таълимӣ бунёду навсозӣ шудааст. Алҳол сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳоти ноҳия ҷараён доранд. Имрўз дар ноҳия 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти давлатии Гимназияи рақами 1, 1 интернати наздимактабӣ ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд ва дар онҳо наздики 10 ҳазор нафар фарзандони сокинони ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1110 нафар омўзгор кору фаъолияти пурсамар дошта, дар соҳаи маорифи ноҳия баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбии омўзгорон тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, чораҳои ҳавасмандгардонӣ имкон медиҳанд, ки соҳибихтисосҳои ҷавон ба кори омўзгорӣ бештар ҷалб карда шаванд. Дар соли хониши 2020-2021 50 нафар мутахассиси ҷавон, аз ҷумла, 22 нафар хатмкунандаи гурўҳи буҷетӣ ва квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи роҳхат ва 28 нафар мутахассис, ки донишгоҳу донишкадаҳои олиро тариқи шартномавӣ хатм намудаанд, аз рўи ихтисосҳои лозимӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳристон ба фаъолияти омўзгорӣ шурўъ намудаанд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он равона гардидаанд, ки сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишомўзии хонандагон баланд бардошта шаванд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш