28-уми июли соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, коргоҳи дўзандагӣ ва ҳунармандии “Кўҳсор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова дар заминаи бинои кўҳнаву фарсуда ва солҳои зиёд бекорхобида ба хотири истиқбол аз ҷашни муқаддаси миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Иншооти дуошёна, ки дар масоҳати 750 метри мураббаъ ҷойгир мебошад, аз таъмири пурра бароварда шуда, дар он коргоҳҳои дўзандагию атласу адрасбофӣ, кошонаи ҳусн, толори арўсӣ ва марказҳои касбу ҳунаромўзиро ташкил намудаанд. Коргоҳи дўзандагӣ ва маркази ҳунармандии “Кўҳсор” бо дархости сокинони маҳаллӣ ва бо назардошти ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин бунёд ёфтааст.
Коргоҳи дўзандагӣ дорои 30 дастгоҳи замонавии истеҳсоли кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, Япония ва Чин буда, коргарон бо истифода аз онҳо метавонанд ҳамагуна либос, дар мисоли либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, номгўи гуногуни либосҳои мардона ва занона, либоси арўсӣ, ҷиҳози матоъгии хона ва ғайраро омода намоянд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ аллакай бо якчанд муассисаи таълимӣ ва корхонаву ташкилоти ноҳиявӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва шурўъ аз имрўз коргарон ба иҷрои фармоиш оғоз мекунанд.
Дар коргоҳ 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аз курси омўзишии дўзандагӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб гардидаанд.
Ба ғайр аз ин, соҳибкор бо 10 бонуи дигари дорои таҷрибаи ғании дўхтани ҷиҳози матоъгӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва онҳо бо гирифтани маоши хуб дар хона фармоиши коргоҳро иҷро менамоянд.
Дар коргоҳи атласу адрасбофӣ дастгоҳҳои махсус насб шудааст ва дар он дар як рўз то 100 метр атласу адрас омода карда мешавад. Занону духтарон иброз медоранд, ки ҳарчанд бофтани атласу адрас нозукиҳои зиёд дорад ва кори осон нест, вале онҳо бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова ин касби аҷдодиро ба хубӣ аз худ кардаанд ва дар алоҳидагӣ аз уҳдаи он ба пуррагӣ мебароянд.
Дар ин коргоҳ низ атласу адрас дар асоси фармоиш омода карда шуда, ҳамчунин, дар дўкону мағозаҳои алоҳида барои сайёҳону меҳмонон ва дигар завқмандон пешниҳод мешавад.
Дар ошёнаи дуюми иншоот марказҳои ҳунаромўзӣ, аз ҷумла, пухтупаз, омўзиши компютер ва дигар касбҳои серталаб дар бозори меҳнат ташкил карда шудааст.
Коргоҳи дўзандагӣ ва ҳунармандии “Кўҳсор” дорои ошхонаи ҷавобгў ба талаботи замони имрўза бо 20 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Соҳибкор нақша дорад, дар оянда филиалҳои коргоҳи дўзандагӣ ва ҳунармандии “Кўҳсор”-ро дар деҳоти ноҳияи Айнӣ ташкил намуда, занону бонувони хонашинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳи нави истеҳсолӣ ва таъмини занону бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ин иқдомро шоистаи таҳсин, қобили дастгирӣ ва туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр