Муовини раиси ноҳияи Темурмалик Меҳринисо Файззода зимни нишасти матбуотӣ бо намояндаго-ни ВАО зикр намуд, ки ба муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли 2021 46 адад компютер, 8 адад тахтаи электронӣ ва 16 адад проектор харидорӣ шудааст, ки иҷрои барномаро 31,3% ташкил кард. Муассисаҳои таълимии ноҳия ба омўзгорони забонҳои русӣ (1нафар) ва англисӣ (2 нафар) ва математика (1 нафар) эҳтиёҷ доранд. Вобаста ба ин, шуъбаи маориф ба омўзгорони соҳибкасби фанҳои химия, биология, забони русӣ, забони англисӣ, физика, математика, адабиёт ва география зарурат дорад. Бояд қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои омода намудани муассисаҳои таълимии ноҳия ба соли нави таҳсили 2021-2022 тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ 135 ҳазор сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ ҷудо намудааст. Айни ҳол 90%-и муассисаҳои таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр