Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи ду маркази муҳими омўзишӣ

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 830        Шарҳ: 0

 

- Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омўзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис ёфтааст,- таъкид кард  ректори академия Абдухалил Ғафурзода дар нишасти матбуотӣ. Номбурда иттилоъ дод, ки 22 - юми феврали соли ҷорӣ дар муассисаи олии таълимӣ «Маркази дўстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон»  созмон дода шуд, ки нақшаи фаъолияти он барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ гардид. Маркази номбурда кори худро дар 5 самт: фаъолияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, фаъолият оид ба инкишофи дипломатия, фаъолият дар самти фарҳанг, маориф ва илм, фаъолияти иттилоотӣ ва таблиғотӣ ва фаъолияти байналмилалӣ ба роҳ мондааст.

Роҳбарияти академия ба рушди робитаҳои байналмилалии академия диққати махсус зоҳир намуда, дар ин замина корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Раёсати робитаҳои байналмилалии муассиса беш аз 60 чорабинии сатҳи байналмилалӣ ва вохўрӣ бо намояндагони ташкилоти хориҷӣ баргузор намуда, ҷиҳати ташкил ва ба хориҷи кишвар фиристодани устодон (иштирок дар семинару ҷаласаҳо, конфронсҳо…), ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо донишгоҳҳои берун аз ҷумҳурӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, омўхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таълим тавассути технологияи иттилоотии муосир гомҳои устувор бардоштааст. Дар академия тариқи ҷалби грантҳо 7 лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ташкилоти филиали ГОПА, Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари барномаҳои САҲА, Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Намояндагии Донишкадаи байналмилалии ҳамкории Ассотсиатсияи Халқии Донишгоҳҳои Олмон (DVV International), Бонки умумиҷаҳонӣ, Дафтари ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои Туркия (ТИКА) татбиқ шуда истодаанд.

А. Ғафурзода ба пурсишҳои рўзноманигорон дар робита ба самтҳои гуногуни фаъолияти муассиса  посухҳои мушаххас дод.

Дилафрўз Қурбонӣ,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш