Нашрияи Омӯзгор

Роҳхат ба даври ниҳоӣ

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Дар бинои китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва ҳадафҳои Паёми Президенти кишвар оид ба пешрафти кори таълиму тарбия ва ба камол расонидани ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ҷалби ҳар чӣ бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид. Дар озмун 160 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Озмун шаффоф баргузор гашта, ҳайати ҳакамон кори довталабонро ҳаматарафа санҷида баҳогузорӣ намуданд.

Қурбоналӣ Тӯраев хонандаи муассисаи таълимии №23-и ноҳияи Ҳамадонӣ, Рамзия Абдуллоева – хонандаи муассисаи таълимии №55-и ноҳияи Данғара ва Робия Қодирова – хонандаи муассисаи таълимии №30-и шаҳри Кӯлоб ғолиби даври дуюм гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ, ки моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш